Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ФИЛАРМОНИЯИ ДАВЛАТИИ БАЧАГОНА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛИРО ҶАШН ГИРИФТ

25.11.2022.2Рӯзи 22 ноябри воли равон дар Муассисаи давлатии “Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон” ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарияти муассиса, намояндагони Вазорати фарҳанг ва хонандагони муассисаҳои таълими миёнаи умумии шаҳри Душанбе иштирок доштанд.

Дар оғози маҳфил директори муассиса Абдураҳимзода Идрис ҳозирин ва мардуми кишварро бо ин санаи муҳим табрику шодбош гуфта, Парчами миллиро нишони соҳибдавлатӣ, истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ арзёбӣ намуд ва аз иштирокчиён, насравону ҷавонони кишвар даъват ба амал овард, то эҳтирому арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро ҳамеша ба ҷо оварем.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ барномаи ҷолибу диданӣ бо пешниҳоди шеъру суруд ва таронаҳои дилнишин дар васфи Парчами миллӣ, ваҳдату якдилӣ, сулҳу дӯстӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълими миёнаи умумии шаҳри Душанбе манзури ҳозирин гардид.

Аҳли нишаст бо қафкӯбиҳои бардавом аз ҳунару маҳорати хонандагон истиқбол намуданд.

Марям Холиқзода,
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг