Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ- ТАҶАССУМГАРИ ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

23.11.2022.2Парчами миллӣ ҳамчун рамзи истиқлоли давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории мо ҷойгоҳи хоса ва собиқаи дерина дорад. Бинобар ин, мардуми мо ба Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатор рамзҳои дигари давлатиамон - Нишон ва Суруди миллӣ эҳтироми махсус зоҳир менамояд.

Парчами миллӣ имрӯз чун рамзи давлатдории тоҷикон дар тамоми идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, корхонаву муассиса, мактабу таълимгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва хонаҳои шаҳрвандон мавҷуд аст. Ба ҷой овардани эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ қарзи ҳар як шаҳрванд аст, зеро Парчам як рамзи хосаи истиқлол, ватандорӣ, соҳибдавлатӣ, рамзи ҳастии миллат аст.

Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии мо тарҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои миллиамон – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзиши кишвар инчунин, рамзҳои нахустин давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва дертар нишон қабул карда шуданд.

Бо гузашти 30 сол имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалии Раҳмон чун нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷашнҳои бузург дар кишвари мо бо тантана таҷлил мегардад ва дар таърихи тоҷикон нақши муассир дорад. Парчам давлатӣ барои халқи мо аз зумраи муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамин Парчами серангаи тоҷдори нурафшон мешиносад. Маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем, ки давлати хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем.

Мо тоҷикон дар таърихи инсоният яке аз миллатҳои қадим соҳиби Парчами худ будем. Дар таърихи гузаштаи мо тамоми сулолаҳо Парчами худро доштанд ва онро бо рангҳои гуногун зинат медоданд. Парчами миллӣ дар ҳама давру замон баёнгари соҳибистиқлолӣ, ватандорӣ ва соҳибдавлатии ҳар як миллат буд, ҳаст ва мемонад.

Миллати тоҷик бо фарҳанги баланду эҳсоси амиқи ватандӯстии хеш расму оини ниёгони худро ҳамеша пойбарҷо нигоҳ медорад ва ба арзишҳои олии он эҳтироми хоса зоҳир менамояд.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи эҳтиромгузорӣ ба Парчами давлатӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Аз ин ҷост, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе “Боғи Парчами Миллӣ” бунёд шуд, ки он ифтихори мо мебошад. Дар маркази боғи мазкур Парчами давлатӣ парафшонӣ мекунад, ки баландии умумии он 165 метр буда, яке аз баландарин Парчамҳои ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва ҳамасола ҳазорон нафар сайёҳони хориҷӣ барои тамошои ин сутуни бузург ба кишвари мо ташриф меоранд.

Парчами ҳар кишвар рамзи ҳувияти миллии мардуми он кишварро ба намоиш мегузорад ва рангҳову рамзҳои дар он истифодашуда реша дар таъриху тамаддуни он миллат дорад.

Дар таърихи миллати мо Дирафши ковиёнӣ парчами даврони пеш аз исломии мо мебошад, ки дар заминаи таърихиву устуравӣ ва фарҳанги сиёсии мо, алалхусус ҳамосаи миллии мо – “Шоҳнома”-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз аҳаммияти ҳаётӣ бархӯрдор аст.

Ҳамосасарои бузурги мо таърихи пайдоиши Дирафши ковиёниро ӣа замони шӯриши Коваи оҳангар бар зидди Заҳҳоки мордӯш, ки ба ҷои Ҷамшед бар тахти шоҳии Эрон нишаста буд, нисбат медиҳад. Ба қавли Ҳаким Фирдавсӣ дар замони ҳукмронии Заҳҳоки ситамгар:

Ҳунар хор шуд, ҷодуӣ арҷманд,
Ниҳон ростӣ, ошкоро газанд,
Шуда бар бадӣ дасти девон дароз,
Ба некӣ нарафтӣ сухан ҷуз ба роз.

Дар чунин вазъият Коваи аҳангар пешбанди чармии хешро бар сари найза баста, парчами додхоҳиро баланд намуда, бар зидди Заҳҳоки золим қиём мекунад. Зери дирафши ковиёнӣ бунёди зулму ситам барҳам зада мешавад ва адолату ростӣ пойдор мегардад.

Ба ин тартиб Дирафши ковиён нахустин парчамест, ки дар ривоёти асотирӣ, порчаҳои манзуми паҳлавӣ ва достонҳои адабиёти классикӣ, хусусан ҳамосаи миллии мо, – “Шоҳнома”- Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ аз он ба маротиб ёд шудааст.

Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталифи ҷаҳон, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз аҳаммият ва ҷойгоҳи бузурги парчам дар ойини давлатдории халқу миллатҳо гувоҳӣ медиҳанд.

Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон низ таърих ва суннати қадима дорад. Тавре ба мову шумо маълум аст, тибқи гувоҳии таърихҳо, достонҳои куҳан ва ривоятҳои асотирӣ гузаштагони мо ҳанӯз 4000 сол пеш соҳиби парчам буданд, ки дар адабиёти қадимаи мо, тавре ки гуфтем, он бо номи дирафш ёд мешавад.

Дирафши Ковиён то замони инқирози давлати Сосониён дирафши миллӣ ва давлатии ниёгони мо буд. Дар давраи Сосониён дар қисми болоии он паррандаи заррин - мурғи ҳумо таҷассум мешуд ва дар бахши мураббаъи он сангҳои гаронбаҳо насб мегардид. Чуноне ки дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ омадааст, ҳар яке аз паҳлавонони бузургу номвари сарзамини аҷдодии мо низ дирафши хоси худро доштаанд, ки бо рамзҳои ба худи паҳлавонон хос зинат дода мешудааст.

Дирафш аз замонҳои қадим нишона аз рамзи муқаддаси ҳар миллату давлат будааст, ба хотираи ҳифзи он фарзандони бузурги миллат ҷоннисориҳо намудаанд.

Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ аввалин парчамҳо дар Чини қадим, Мисри қадим ва Эрони қадим пайдо шудаанд. Дар китоби муқаддаси ниёгони мо “Авасто” дар бораи парчамҳои Бохтари Қадим ва дирафшҳои душманони он зикр шудааст.

Дар таърихи муосир парчами аввалини давлати Тоҷикистон парчами умумии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Моҳи феврали соли 1947 Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ қарор қабул намуда, ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ тавсия дод, ки парчамҳои давлатии худро шабеҳ ба парчами Иттиҳод қабул кунанд.

Парчами давлатии Тоҷикистон моҳиятан идомаи суннати парчамдории миллати куҳанбунёди тоҷик, идомаи ҳамон Дирафши ковиёнӣ мебошад, ки дар замони мо рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассумгари гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллат аст. Парчами давлатии Тоҷикистон аз се ранг иборат мебошад – сурх, сафед ва сабз. Дар рӯи қитъаи сафеди он, дар мобайни парчам бо зарҳал рамзи тоҷ ва дар болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир ёфтааст, ки ҳар яке рамзи хоссаеро ифода мекунад:
Ранги сурх – рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлолият,
Ранги сафед – рамзи бахту иқболи сафед ва покизагӣ,
Ранги сабз – рамзи саъйу кӯшиш ва заҳмату меҳнати сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватанро ифода менамояд.
7 Ситора – яъне рамзи 7 иқлим, 7 табақаи осмон, 7 ситораи бародарон ва 7 рӯз аст.

Тавре таърихи башарият далолат мекунад, рамзҳо шаклҳои мухталифе аз ифодаи орзуву омол, иродаву ғоя, розу ниёз, ҷаҳони ботинӣ ва махсусиятҳои қавму қабилаҳо, нажодҳо ва миллату давлатҳо мебошад. Аз ҳамин нуктаи назар инсоният дар ҳамаи давраҳои ташаккули таърихии худ барои ифодаи орзуву омол ва марому ҳадафҳои олии хеш рамзҳои гуногунро эҷод намудааст. Ба шарофати истиқлоли давлатӣ имрӯз парчами Тоҷикистон чун рамзи давлатдории тоҷикон дар болои биноҳои қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти Ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо, мақомоти худидораи шаҳрак ва деҳот, яъне ҷамоатҳо, дар болои биноҳои вазоратҳо, кумитаю идораҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, иттиҳодияю ташкилотҳои ҷамъиятӣ, дар болои биноҳои истиқоматӣ – дар рӯзҳои ид ва рӯзҳои хотиравие, ки қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, парафшонӣ мекунад.

Тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муқаррар мекунад.

Аз таҷлили нахустин «Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 24 ноябри соли 2009 доир гардид, сол то сол рӯҳияи эҷодкорию навоварӣ ва шукӯҳу шаҳомати бештар дар ҷашнгирии ин санаи таърихӣ ба назар мерасад. Бори аввал дар шаҳри Душанбе дар ин рӯз бо ташаббуси ҳукумати шаҳр аз хиёбони марказии пойтахт парчами дарозиаш 1500 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд. Бори дигар, 9-уми сентябри соли 2011, дар рӯзи таҷлили 20 - солагии Истиклоли давлатии Тоҷикистон аз майдони марказии пойтахт парчами дарозиаш 2011 метр ва бараш 7 метр гузаронида шуд.

Имрӯзҳо дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пояҳои баланди Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке пас аз дигаре барафрохта шуда, Рӯзи парчам дар саросари Ватани азизамон бошкӯҳ таҷлил карда мешавад.

Тавассути парчам натанҳо кишварҳоро дар арсаи ҷаҳон мешиносанд, балки парчам ҳамчун рамзи пирӯзӣ ва омили ифтихорофарини давлату миллатҳо дар ҳамоишҳои бузурги байналмилалӣ ва мусобиқоти варзишии бонуфузи бийналмилалию минтақавӣ барафарохта мешавад. Маҳз дар ҳамин гуна лаҳзаҳо мо шоҳиди ба ваҷд омадани одамон аз ифтихороти миллию давлатиашон мешавем. Ин ҳолатҳо то ҷое таъсирбахш ва самимиянд, ки дар пеши чашми миллионҳо бинанда одамон ашки шодӣ мерезанд.

Дар рӯзҳои нохушию мотами умумӣ низ бо қарори сарвари ҳар кишвар ва мақомҳои олии роҳбарии онҳо парчами давлатӣ ба шакли мотамӣ афрохта мешавад. Дар чунин мавридҳо ба чӯбдасти парчам матои тасмашакли сиёҳ баста мешавад, ки нӯгҳои он бояд то қисми поёни парчам овезон бошад. Дар рӯзҳои шодию хурсандӣ ва мотаму азодорӣ ба тарзҳои хос истифода шудани парчам нишони ҷойгоҳи баланди он дар зандагии иҷтимоию сиёсии халқу миллатҳо мебошад.

Имрӯз мо ҳамчун насли ояндасози Ватан вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якҷон муттаҳид гардида, ба ормонҳои миллии ниёгони хеш содиқ монда, эътибори Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилал боз ҳам баланд бардорем.

Бигузор Парчами давлатӣ, ки файзи Истиқлоли давлатӣ ва рамзи озодии миллати тоҷик аст, то абад партавфишон бошад.

Рӯзи парчами миллӣ муборак бод, ҳамдиёрони азиз!

Раҳмоналӣ Мирализода
Сардори раёсати табъу нашр
ва матбуоти Вазорати фарҳанг