Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН

23.11.2022.1Рӯзи 23 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ ҳамоиши идона баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Назариён Обид Одилзода, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат иштирок доштанд.

Чорабиниро Назариён Обид Одилзода ифтитоҳ бахшида, ҳозирин ва мардуми сарбаланди кишварро бо ин санаи таърихӣ, Рӯзи Парчами миллӣ самимона табрику таҳният гуфт.

Мавсуф Парчами миллиро ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ, сарбаландӣ ва ғуруру ифтихори миллӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон арзёбӣ намуда, дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ-Нишон ва Суруди миллӣ эҳтироми махсус зоҳир намудан ба ин муқаддасоти миллиро вазифаи ҳар як фарди кишвар номид.

Сипас, сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Мирализода зимни ироаи маърӯзаи пурмӯҳтавои хеш Рӯзи Парчами миллиро рӯзи шодӣ, рӯзи сарбаландӣ, рӯзи таърихӣ номида, дар идомаи сухани хеш иброз дошт, ки бо гузашти 30 сол имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштзози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.

Гуфта шуд, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми ноябри соли 2009 чун нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон рӯзи 24-уми ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Рӯзи Парчами давлатӣ дар қатори дигар ҷашнҳои давлатӣ дар ҷумҳурӣ бо тантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Таъкид гардид, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳамин Парчами серангаи тоҷдори нурафшон мешиносанд ва маҳз бо ҳамин Парчам мо тавонистем, ки кишвари хешро миёни дигар давлатҳо муаррифӣ намоем.

Ҳамзамон, директори Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” Амиршоҳӣ Нурмуҳаммад ва Сармуҳаррири Муассисаи давлатии маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” Хушдил Раҳимҷон бо маърӯзаҳои пурмӯҳтавои хеш аз таърихи пайдоиши Парчам, ки ҳамчун Дирафши ковиёнӣ ёд мешавад, ибрози андеша намуда, Парчамро рамзи истиқлоли давлатӣ ва таҷассумгари гузаштаи пурифтихору ояндаи дурахшони миллати сарбаланди тоҷик маънидод намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг