Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 01:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҲАМКОРИҲОИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА ШТАТҲОИ МУТТАҲИДАИ МЕКСИКА

22.11.2022.3Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 22 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти муовини якуми вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода бо Сафири Штатҳои Мутаҳидаи Мексика, иқоматгоҳаш дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон Гилермо Алехандро Пуэнте баргузор шуд.

Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯтонаю самимӣ доир гардида, ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар самти фарҳанг, аз ҷумла баргузор намудани Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Мексика ва аз Мексика дар Тоҷикистон, баргузор намудани фестивалҳо, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, барномаҳои мусиқӣ, чопи китобҳои адибони классику муосири кишварҳо, омӯзиши забонҳо, таҳияи филмҳо ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанги кишварҳои ҳамдигар, баргузории намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ, хӯрокҳои миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг