Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МУЛОҚОТИ МУОВИНИ ЯКУМИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГ БО САФИРИ ЮНОН ДАР ТОҶИКИСТОН

22.11.2022.2Рӯзи 22 ноябри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири фарҳанг Назариён Обид Одилзода бо Сафири Ҷумҳурии Юнон, иқоматгоҳаш дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия хонум Екатерина Насика баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба таъриху фарҳанги бою ғанӣ ва чандиҳазорсолаи Тоҷикистону Юнон суханронӣ намуда, ҳамкориҳо дар самти боздид ва баргузории як қатор чорабиниҳо дар мавзеъҳои таърихӣ ҷиҳати ошноӣ пайдо намудан бо таърих, фарҳанг ва тамаддуни Тоҷикистон ва Юнон, омода намудани мутахассисони соҳа, баргузории барномаҳои корсертӣ, намоишномаҳои театрӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор шуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг