Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ПАРЧАМДОРӢ

21.11.2022.2Ойини парчамдории мо ба сифати пайвандгари наслҳо умри ҷовидонӣ дорад ва бо хусусиятҳои хоси худ яке аз омилҳои муҳимтарини иттиҳоду сарҷамъии халқи тоҷик ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмии сокинони мамлакат мебошад. Парчами давлатӣ барои мо - тоҷикон нишонаи бақои миллат, давлату Ватан, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар радифи дигар рамзу муқаддасот - Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ мавҷудияти Парчами миллӣ ин нишони ҳастиву соҳибдавлатӣ, истиқлолият ва ваҳдату якдигарфаҳмӣ ба шумор меравад.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки яке аз суннатҳои дерину бостонии давлатдории тоҷикон, нишони шукӯҳу шаҳомат ва нангу номуси миллии аҷдодони сарбаланди мо дар даврони Каёниён ин дирафш ё ба ибораи дигар «Дирафши Ковиён» буд. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёти гуногун, ки то замони мо расидаанд, дурустии андешаи моро собит менамоянд.

То давраи суқути давлати Сосониён ба хотири ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, ободиву озодӣ зери «Дирафши Ковиён» ҳазорон нафар фарзандони бузурги миллати мо ҷонсупориҳо кардаанд. Дар аҳди Сосониён парчами ниёгони мо шаклан тағйир ёфта, ба сифати бахту иқболи наку ва ояндаи дурахшон дар он симои мурғи ҳумо ҷойгир карда шуд, ки он барои давраҳои баъдинаи таърихи давлатдории миллӣ ҳамчун ҳидоятгару раҳнамои аҷдодони мо хизмат кард.

Агар ба таърихи парчами миллии тоҷикон бо ҳусни андеша ва таври амиқ назар афканем, маълум мегардад, ки дар замонҳои қадим, ҳатто ҳар як паҳлавони номвари миллати тоҷик дирафши хосси худро дошт ва тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуданд, ин андеша дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ низ баён гардидааст.

Аз ин чунин хулоса бармеояд, ки тоҷикон дорои таъриху ойину суннатҳои деринаи давлатдорӣ ва парчамдорӣ будаанд. Ҳамин боис гардидааст, ки дар тӯли таърихи пурпечутоби миллат парчам ба сифати беҳтарин васила дар рӯҳияи хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ нисбат ба арзишҳои волои таърихию фарҳангӣ хизмат кардааст.

Бо гузашти ҳазорҳо сол имрӯз дар даврони таҳаввулоти азими ҷаҳони муосир парчам ба шарофати сиёсати хирадмандона ва амалҳои созандаву бунёдкоронаи фарзонафарзанди ватандӯсту бонангу номуси миллат - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба сифати вожаи воқеан волову муқаддас ҷой гирифта, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои муҳимми фарҳангиву варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории миллати сарбаланду соҳибтамаддуни тоҷик барафрохта мешавад.

Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.

Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром нисбат ба Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба сӯи ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд. Яъне, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлатӣ соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.

Хушбахтона, имрӯз ифтихор аз рамзҳои давлатдорӣ дар зеҳну шуури тамоми ҷомеа ҷой гирифтааст ва метавон зикр намуд, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад.

Имрӯз мо ҳамчун насли ояндасози Ватан вазифадорем, ки дар атрофи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилу якҷон муттаҳид гардида, ба ормонҳои миллии ниёгони хеш содиқ монда, эътибори Парчами давлатии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардорем. Зеро эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавии миллӣ ва илова бар ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ мебошад.

Боиси шодмонӣ ва шукргузорист, ки ҳар як иқдом ё санаде, ки дар заминаи олами афкору андешаҳои сабзу созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи вуҷуд мекунад, боиси болоравии маънавиёти мардум, бахусус мактабиён, донишҷӯён, наврасону ҷавонон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа мегардад.

Дар мавриди тарбияи ҳисси эҳтирому арҷгузорӣ ва муҳаббат нисбат ба Парчами миллӣ Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон таъкид намуданд, ки «ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеиаш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд. Ин аст, ки дар аксар мамлакатҳои пешрафтаи имрӯза ҳар як шаҳрванд кӯшиш менамояд, ки дар хонадонаш ҳадди ақал як парчами миллии худро дошта бошад. Пас мо низ ҳамчун ворисони сазовори яке аз асосгузорони дирафшҳои бузурги шоҳиву давлатӣ дар ҷаҳон бояд аз чунин иқдомоти созанда, ки барҳақ дар роҳи худшиносиву ифтихори миллӣ ва таҳкими давлатдории навинамон саҳми бевосита гузошта метавонанд, васеъ истифода намоем».

Воқеан, пешниҳоди Пешвои муаззами миллат бисёр муҳим ва созанда аст, зеро аз он рӯзе, ки мо соҳиби парчам гардидем, дар ҳаёти ҷомеаи тозабунёди кишвар дигаргуниҳои азим ба вуқуъ пайваста, барои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва фарҳанг шароитҳои мусоид фароҳам омаданд.

Ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодиву дипломатӣ, илмию фарҳангии Тоҷикистон бо аксарияти кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ тавсеа ёфта, обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба маротиб боло рафт. Ин боис гардид, ки Парчами миллии мо дар радифи парчами кишварҳои дигари олам мақоми шоистаи худро ба таври устувор нигоҳ дорад, ки ин, бешак, мояи ифтихору сарбаландӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба миллати тоҷик мебошад ва мо бояд аз он шодкому рӯҳбаланд бошем.

Қобили зикри хос аст, ки мо аҳли фарҳанг бо истифода аз тамоми имконияти мавҷуда бояд аз паси андешидани тадбирҳое бошем, ки ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонону наврасони имрӯза, ки ҳанӯз таҷрибаи кофии ҳаётӣ надоранд, нисбат ба ин сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ арҷ гузоранд, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар арсаи олам ба таври шоиста ба ҷо оранд ва талқин карда тавонанд. Дар ин росто, муассисаҳои фарҳангии кишвар тамоми воситаву имконияҳоро доранд.

Ташкили чорабиниҳои китобхонавию иттилоотӣ, аз қабили суҳбату вохӯриҳо, намоиши китобҳо, шабнишиниҳои илмию адабӣ, конференсияҳо, муаррифии таърихи Парчами миллӣ, маҳфилҳои илмию адабии «Дирафши Ковиён», «Парчамдорони Ватан», «Парчами мо - ифтихори мо», «Парчам - нишони ҳастии миллат» ва амсоли ин омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мегарданд.

Вақти он расидааст, ки ба хотири дарки ҳарчи бештари моҳияти парчам ва давлатдории миллӣ, тарбияи ҳисси муҳаббату ифтихор нисбат ба ин арзишҳои миллӣ дар муассисаҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла китобхонаҳои давлатии оммавӣ озмуни ҳамасолаи «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» гузаронда шавад ва ба ғолибони он дар қатори дигар туҳфаҳо ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба ин муқаддасот нишони сарисинагии Парчами миллӣ тақдим гардад.

Дар баробари ин, олимону муҳаққиқони тоҷикро зарур аст, ки саҳифаҳои номакшуфи давлатдорию парчамдории моро бо ҳусни зеҳн ва мӯшикофона мавриди таққиқ қарор диҳанд, сарнавишти «Дирафши Ковиён» ва кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллатро дар самти андешидани тадбирҳои зарурӣ оид ба қабули Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ бо далелҳои муътамад ба мардум нишон диҳанд. Чунки муқаддасоти миллии мо, аз ҷумла Парчами давлатӣ дар лаҳзаҳои ниҳоят ҳассоси таърихи миллати мо қабул карда шуданд, ки барои расидан ба ҳадаф дар он аём дар баробари нангу номус доштан, боз ҷасуриву далерӣ ва фидокориву қаҳрамонӣ лозим буд. Бинобар ин, мо бояд шукӯҳу шаҳомати онҳоро барои хештаншиносӣ, истиқлолу сарҷамъӣ, ваҳдату ягонагӣ дар адабиёти бадеии ватанӣ ва хориҷӣ тараннум ва таҷассум намоем. Зеро ин қарзи виҷдониву шаҳрвандии адибону олимон ва ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ мебошад.

Раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» барои дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, аз ҷумла бахшида ба таҷлили рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир андешида, дар ин самт як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст. Тибқи дастуру супоришҳои ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Муҳриддин Низомӣ дар байни донишҷӯён пайваста озмун ва маҳфилҳои шеъру сурудхонӣ доир мегарданд. Баргузории чунин чорабиниҳо насли ояндасози миллат, аз ҷумла донишҷӯёнро ба хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои таърихию фарҳангӣ дар замири онҳо меҳри ватандӯстиро ташаккул дода, сатҳи маънавиёташонро баланд мебардорад.

Тарғиби васеъ ва дарки амиқи моҳияту мазмуни рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ тавассути амалӣ намудани тадбирҳои зерин имконпазир мегардад:
- гузаронидани озмуни ҳамасолаи «Парчам-нишони ҳастии мо» дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- ба роҳ мондаи гӯшаи доимоамалкунандаи «Парчами мо – ифтихори мо» дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- ташкили чорабиниҳои китобхонавию иттилоотӣ таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистон!» дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- дар роҳравҳо ва пештоқи китобхонаҳо насб намудани овезаҳо ва шиорҳо дар васфи Парчами давлатӣ;
- баргузории конференсияҳои илмӣ-амалӣ, мизҳои мудаввар зери унвони “Дирафши Ковиён” дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- баргузор намудани намоишҳои китобӣ бахшида ба рамзҳои давлатӣ дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- баланд бардоштани донишҳои иттилоотии мардум нисбат ба рамзҳои давлатӣ;
- дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии кишвар барои дарки моҳияти рамзҳои давлатӣ ва шиносоии наврасону ҷавонон бо фарҳанги парчамдории миллати тоҷик ҳафтае як соат вақт ҷудо карда шавад;
-эҷоди муҳити созгор дар масъалаи омӯзишу дарки моҳияти рамзҳои давлатӣ дар китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо;
- тавассути китобхонаҳои марказии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи мунтазами рамзҳои давлатӣ бо ҷалби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии кишвар. Дар охир орзумандам, ки Парчами миллӣ - рамзи соҳибдавлатии тоҷикон ва фидокориву қаҳрамониҳои мардуми мо барои истиқлолу ободӣ ва озодӣ, ваҳдати миллӣ, нишонаи нангу номуси миллат ва баёнгари муҳаббату садоқати ҳар як фарди Тоҷикистон ба Ватани хеш то абад парафшон бошад ва меҳри Ватанро дар қалби мо афзунтар намояд.

Зафари ШАРИФ,
декани факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии
МДТ “ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода”