Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТУРКМАНИСТОН ДОИР МЕГАРДАД

21.11.2022.1Аз 22 то 26 ноябри соли равон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Туркманистон баргузор мегардад.

Ҳайати рӯзҳоро зиёда аз 80 нафар ҳунармандони бомаҳорати кишвар дар бар гирифта, Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат гурӯҳро роҳбарӣ менамояд.

Дар ҷараёни баргузории рӯзҳои фарҳангӣ вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо Вазири фарҳанги Туркманистон, се барномаи консертӣ, намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, санъати тасвирӣ ва намоиши аксҳои манзараҳои зебои Тоҷикистон дар назар аст.

Рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Ашқобод ва Марии  Туркманистон доир гардида, ансамбли рақсии хизматнишондодаи “Лола”, “Парасту”, ансамбли созҳои миллӣ, ҳунармандони маҳруфи кишвар Носир Сафарзода, Ҳақназар Аловатов, Амирҷон Рӯзиев, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Чоршанбе Аловатов, Нозанин Комилова, Сироҷиддин Ҷӯраев, тарроҳ-Хуршед Сатторов, ҳунарманд Салимабону Каримова, мусаввирони бомаҳорати ҷумҳурӣ бо барномаҳои рангину ҷолиб назди тамошобини ин шаҳрҳо баромад хоҳанд кард.

Аз ҷараёни баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Туркманистон дар гузоришҳои оянда маълумоти муфассал пешниҳод мегардад.

Марям Холиқзода,
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг