Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БАИМЗОРАСИИ САНАДИ ДУҶОНИБА МИЁНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ЯПОНИЯ ДАР ВАЗОРАТИ ФАРҲАНГ

19.11.2022.1Рӯзи 18 ноябри соли ҷорӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасии санади дуҷониба миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония баргузор гардид.

Дар маросими баимзорасӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аикӣ Тошиҳиро, роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такасика Мунео, намояндагони Вазорати фарҳанг, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ, масъулини Сафорати Япония ва Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA), ҳамчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Нахуст миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг, ёддоштҳои табодулӣ ва созишномаи грантӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Сипас, Ёддоштҳои табодулии лоиҳаи грантии “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб “Хонаи китоби Тоҷикистон” аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ва Сафири Фавқуллода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Аикӣ Тошиҳиро ба имзо расид.

Ҳамзамон, Созишномаи грантии лоиҳаи “Беҳтар намудани таҷҳизоти нигаҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодаи китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб “Хонаи китоби Тоҷикистон” аз тарафи Вазири фарҳанги Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат ва Роҳбари намояндагии Агентии ҳамкориҳои байналмилаии Япония (JICA) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такасака Мунео ба имзо расид.

Маросими баимзорасии санади дуҷониба дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ анҷом ёфт.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг