Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТЕАТРИ ДАВЛАТИИ АКАДЕМИИ ОПЕРА ВА БАЛЕТИ БА НОМИ С. АЙНӢ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИРО ТАҶЛИЛ НАМУД

17.11.2022.6Рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии «Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ” бахшида ба 30-солгии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, кормандон ва ҳунармандони театр чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Директори муассиса Камолиддин Сайфиддинов дар оғози чорабинӣ ҳозирин ва мардуми кишварро бо ин санаҳои таърихӣ табрику шодбош гуфта, баргузории Иҷлосияи сарнавишсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати тоҷик басо муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Мавсуф дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурии азизамон сулҳу субот, амну амонӣ, ваҳдату якдигарфаҳмӣ ҷараён дорад, ки заҳмату талошҳо ва ҷонфидоиҳои ин абарманди нексиришк, ватандӯст, адолатпарвару адолатхоҳ Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Президенти мамлакат бо сухани дар ин иҷлосия гуфтаи хеш “Ман ба шумоён сулҳ меорам” тавонистанд кишварро орому мардумро сарҷамъ созанд. Мо сокинони ин кишвари биҳиштосо бо шукргузорӣ аз ин сулҳу субот, аз ин ободию осоиштагӣ барои Ватани азизи худ содиқона хизмат намоем”.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ ҳунармандони шинохта ва хушсалиқаи театр бо иҷрои суруду таронаҳои ватандӯстона васфу тараннуми Тоҷикистони соҳибистиқлолу ободу зеборо намуданд, ки аҳли нишаст бо самимияти беандоза аз барномаи ҳунарӣ истиқбол намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг