Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАБРИКОТИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

17.11.2022.1Ҳамватанони азиз!
Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи сарнавиштсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон самимона табрику таҳният мегӯям.

Мардуми ҷаҳони муосир Рӯзи Президентро ҳамчун рамзи эҳтиром ба мақоми олии раҳбарии кишвари хеш таҷлил мекунанд. Ин ҷашн дар кишвари мо маънӣ ва мазмуни васеътар дорад. Рӯзи Президент дар мамлакати мо ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагии мардуми Тоҷикистон дар атрофи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлил мегардад.

Боиси хушҳолии мост, ки имсол Рӯзи Президенти Тоҷикистон бо рӯзи таърихии 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон якҷо омад. Дар ҳақиқат ин Иҷлосияи тақдирсоз дар баробари қабули рамзҳои давлатӣ, қонунҳои зарурӣ ва санадҳои муҳим ба мардуми кишвар Пешвои ҳақиқии миллатро тақдим намуд. Муҳимтарин натиҷаи ин иҷлосияро метавон дар муҳимтарин паёми Сарвари тозаинтихоби давлат, Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст кард, ки хитоб ба мардуми Тоҷикистон эълом намуд: "МАН БА ШУМО СУЛҲ МЕОРАМ". Пешвои миллат ҷон дар кафи даст сулҳи деринтизорро ба мардуми ҷафокашидаи Тоҷикистон тақдим намуд. Сулҳу амнияти пойдор ва ваҳдату ягонагии миллӣ заминаи ҳамаи дастовардҳои давлатию миллии Тоҷикистон гардид.

Имрӯз ҳазорон бор шукрона мекунем, ки таҳти раҳбарӣ ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои сулҳу ваҳдати комил, бунёдкориву созандагӣ ва обрӯву эътибори байналмилалӣ зиндагӣ мекунем. Эътимоди комил дорем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат ба пешравӣ ва дастовардҳои нав ба нав ноил мегардад.

Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!

Бо эҳтиром,
Вазири фарҳанги Тоҷикистон
Давлатзода Зулфия Давлат.