Рӯзи 15 ноябри соли ҷорӣ ба ифтихори 30-солгии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” бо иштироки роҳбарият, устодону донишҷӯён маҳфили идона баргузор гардид.
Дар саҳни таълимгоҳ китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бозгӯкунандаи таъриху фарҳанги дирӯзу имрӯзи миллати сарбаланди тоҷик мебошанд, ба намоиш гузошта шуд.
Дар оғози чорабинӣ директори муассиса Раззоқзода Салоҳиддин Шамсиддин ҳозирин ва мардуми Тоҷикистонро бо ин санаҳои муҳими таърихӣ табрику муборакбод намуда, бо маърӯзаи пурмуҳтаво доир ба аҳамияти таърихии баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуд.
Ҳамзамон, устоди таърих ва ҳуқуқи таълимгоҳ Абдураҳим Ҳомидов низ оид ба ин санаҳои таърихӣ маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд.
Дар ҷараёни баргузории маҳфил ба як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъоле, ки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии сатҳи ноҳия ва ҷумҳуриявидошта, аз ҷумла Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” фаъолона иштирок намуданд бо Сипоснома ва Ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд. Инчунин, ба Қурбонов Шаҳобиддин барои иштирок дар даври ниҳоии Озмуни ҷумуҳриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” бо мукофоти пулӣ қадрдонӣ шуд.
Дар бахши фарҳангии чорабинӣ барномаи маърифатию мусиқии аз ҷониби устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои рӯзноманигорӣ, китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ, мусиқӣ-омӯзгорӣ бо роҳбарии Шомаҳмадов Қурбоналӣ ва Раҷабова Фарангез манзури ҳозирин гардид, ки ҳунару маҳорати суханварӣ, шеърхонӣ, сурудхонӣ ва навозандагӣ пешниҳод гардид, ки аҳли нишаст бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
Дар ин бора аз Муассисаи давлатии “Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов” хабар доданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг