Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА РУШДИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ”

15.11.2022.1Таҳти ҳамин унвон рӯзи 14 ноябри соли ҷорӣ дар толори “Арғунун”-и Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ ва чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо, ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ширкат варзиданд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ ҳозиринро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 - солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ҳамасола дар саросари мамлакат ҷашн гирифтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи шукргузорӣ аз озодиву соҳибихтиёрӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои давлатдориву соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуд.

Сипас, Манучеҳр Шарифзода аҳли нишаст ва мардуми кишварро бо ин ду санаи муҳимми таърихӣ табрик намуда, иброз дошт, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини халқи тоҷик, бешубҳа, аз зумраи рӯйдодҳои муҳимми сиёсӣ маҳсуб мешавад. Дар рӯзҳои даъват ва баргузории Иҷлосия мардуми кишвари мо гирифтори кашмакашҳои ҳалокатбори қувваҳои бадхоҳи сиёсии дохиливу хориҷӣ шуда буданд, ки мақсади асосиашон пароканда намудани миллати тоҷик ва аз байн бурдани давлати ҷавони мо буд. Кишвари мо он солҳо дар ҳолате қарор дошт, ки бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва муқовимати тӯлонии мусаллаҳона минтақаҳои алоҳидаи мамлакат дар оташи ҷанг сӯхтаву валангор гашта, иқтисодиёти кишвар хароб ва фаъолияти сохтору мақомоти ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Дар чунин як вазъияти беҳокимиятиву бенизомӣ мавҷудияти минбаъдаи Тоҷикистонро ҳамчун давлати тозаистиқлол хатари ҷиддӣ таҳдид мекард. Маҳз ба шарофати хираду заковати азалӣ, дурандешӣ, сабру таҳаммул ва ҷавҳари созандаи миллати тоҷик Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон баргузор шуд, ки он дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун оғози воқеии раванди сулҳ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад.

Зикр гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ мебошанд, ки дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намуданд. Корномаҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти сиёсиву роҳбарии Сарвари давлат робитаи мустақим дошта, муносиботи ҳасана ва ҳамкориҳои фарогири Тоҷикистон бо кишварҳои сершумори оламро дар доираи манофеи миллӣ таҳким бахшид.

Ҳамзамон Муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ Алишер Аминӣ зимни суханронии хеш баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои миллати тоҷик бисёр муҳим арзёбӣ намуда, дар як марҳалаи ҳассоси таърихӣ, яъне баҳри хомӯш намудани оташи ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ, ба ҳам овардани миллати пароканда, пойдор намудани сулҳу субот ва забону фарҳанг ба майдони сиёсат ворид гардидани фарди фидокор, сарсупурдаву азхудгузашта ҷавони чиҳилсола – Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан ҳам аз табори мардони асил ва решапайванд бо гузаштагони худ - Куруши Кабиру шоҳ Исмоили Сомонист, иноятест ва ҷониби Хувованд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ устодону шогирдони муассиса барномаи ҷолибу диданиро иборат аз шеъру суруд ва рақсу оҳангҳои дилнишин, аз қабили сурудҳои “Сулҳи мо ливо дорад”, “Ватан”, “Душанбеи ман”, “Бӯйи баҳор”, “Рақси кӯҳистон” ва “Сарвари оқил” манзури аҳли нишаст гардониданд.

Устодони донишкада дар қисми илмии ҳамоиш 27 мақолаҳои илмию оммавӣ ва манзумаҳои ба Пешвои муаззами миллат бахшидаи хешро ироа намуданд.

Дар ин бора аз Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» иттилоъ доданд.

Марям Холиқзода,
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг