Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДАР КОНСЕРВАТОРИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОНИ МУАССИСА ВА КОЛЛОЕҶУ МАКТАБҲОИ МУСИҚӢ БА КУРСҲОИ БОЗОМӮЗӢ ҶАЛБ МЕГАРДАНД

14.11.2022.2Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов шурӯъ аз соли 2018 бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи касбии омӯзгорони соҳаи санъати мусиқӣ шуъбаи такмили ихтисоси кормандон амал мекунад, ки то ин давра як қатор омӯзгорони ҷавони муассиса ва омӯзгорони коллеҷҳову мактабҳои мусиқии ҷумҳуриро бо курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи самтҳо фаро гирифта шуданд.

Имсол низ фаъолияти шуъба хеле пурсамар буда, аз моҳи январ то инҷониб курсҳои такмили ихтисос аз рӯйи тахассусҳои фортепиано, дирижёри хор, сарояндагии академӣ, сарояндагии анъанавӣ, сарояндагӣ ва навозандагии эстрадӣ, созҳои миллӣ, мутрибони анъанавӣ ва режиссураи овоз доир шуда, зиёда аз 50 нафар омӯзгорон соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Аз 1 ноябри соли равон курсҳои нави такмили ихтисос аз рӯйи тахассусҳои дирижёри хор ва созҳои оркестрӣ ташкил шуд, ки ба ҳайси роҳбарони эҷодӣ устодони варзидаи соҳаи санъат ва мутахассисони пуртаҷриба профессори кафедраи сарояндандагии академӣ ва дирижёри хор, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҷидзода Холаҳмад, Сардирижёри оркестри Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Шоймуродов Анвар ва дотсенти кафедраи созҳои оркестрӣ, Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Дурмышев Сергей интихоб гардидаанд. Айни замон дар курсҳои мазкур омӯзгорони ҷавони Коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев ва Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бо мақсади сайқал додани дониш ва малакаи касбии хеш ба бозомӯзӣ машғуланд.

Дар ин бора аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов хабар доданд.

Марям Холиқзода,
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг