Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ба истиқболи 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14.11.2022.1«ИҶЛОСИЯИ ТАЪРИХИИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛӢ–ОҒОЗИ РАВАНДИ СУЛҲ ДАР ТОҶИКИСТОН»

Сӣ сол муқаддам, дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанд доир гашта буд, Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб шуд.

Дар маросими савгандёдкунӣ ин сиёсатмадори дар он айём ҷавон ва дар арсаи байналхалқӣ ҳануз ношинос ҷумлаеро ба забон овард, ки дар оянда барномаи амалии эшон гардид: «Ман ба шумо сулҳ меоварам».

Дар он айёме, ки бародар дар қасди ҷони бародар буд, кишвар ба пора-пораҳо тақсим шуда буд, нолаву афғони модарони фарзандгумкардаю арӯсони шавҳараздастдода ба гӯш мерасид, ашки фарзандони ятимгашта ҷигарҳоро хун мекард, Ӯ ба майдон омад. Ба майдоне, ки аз касс матонату шуҷоат, фидокориву садоқатмандӣ ва муҳаббати беандоза ба Ватан ва сокинони онро тақозо мекард.

Аз нигоҳи имрӯз, ки кишварамон комилан амну мардумаш дар осоиштагиву хотирҷамъӣ умр ба сар мебаранд, шояд ба назари нафаре, ҳатто насле, ин ҷумла он чунон азизу муҳташам набошад. Вале барои онҳое, ки тақрибан 25-30 сол муқаддам гирфтори мушкилиҳои зиёде буданд, онро чун нидое қабул мекунанд, ки танҳо он, яъне «Ман ба шумо сулҳ меоварам» роҳи халосӣ аз яъсу ноумедӣ, гуруснагиву садҳо мушкилоти дигар буд.

Агар ба таърихи начандон дуру дарози даврони истиқлолияти давлатӣ назар андозем, бараъло эҳсос мекунем, ки ба ин ҳама дастовардҳо ноил намегаштем, агар ҳамин вожаи зебову гӯшнавози «Сулҳ» намебуд.

Натиҷаи ҷадалҳои шабонарӯзиву чандинсолаи сарвари кишвар буд, ки баъди чандин музокирот бо мухолифин 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия «Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» ба имзо расид.

Албатта, дар ба даст омадани сулҳи деринтизор саҳми кишварҳои хайрхоҳи Тоҷикистон: Русия, Эрон, Афғонистон, Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Покистон, созмонҳои байналхалқӣ зиёд аст.

Вале агар хоҳишу талошҳои шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, шояд ин сулҳ чандин сол баъд ба даст меомад ва он ба рушди бе ин ҳам карахтшудаи кишварамон зарбаи ҷонкоҳе мезад. Баъди ба даст омадани сулҳ ҳам мушкилиҳо ҳамоно роҳи ҳалли худро наёфта буданд.

Ба ҳайати Ҳукумат ва зерниҳодҳои он шомил кардани намояндагони мухолифин яке аз вазифаҳои дигаре буд, ки чанд сол давом кард. Баъди ин марҳилаи душвори дигар пешорӯи давлату ҳукумат омад. Ҳануз ҳам гурӯҳҳои норозии силоҳбадаст намехостанд, ки Тоҷикистони ба парандаи захмин мубаддал гашта, аз вартаи марг раҳо ёбад. Ин силоҳбадастон бо дуздиву ғоратгарӣ, таҷовузу одамрабоӣ, қатл кардани одамони бегуноҳу бемутакко гоҳ-гоҳ дар гӯшаҳои мухталифи кишвар аз худ хабар медоданд.

Раванди тоза кардани мамлакат аз ин гурӯҳҳои хунхор ҳам се-чор соли дигар идома ёфт. Бо онҳо ҳам муросо кардану сулҳ бастан роҳи дигари ҳалли мушкилӣ буд. Барои ин ҳам фурсати кам лозим набуд.

Ба хотири сулҳу суббот чӣ роҳбарияти кишвар ва чӣ мардуми сарбаланди он сабру тоқат ва таҳаммулро ихтиёр карданд ва ниҳоят дури мақсуд ба даст омад.

Метавон гуфт, ки даҳ соли авали фаъолияти Президенти кишвар танҳо барои комилан барқарор намудани сулҳу субот, амнияту осошитагии пурраи сарзамини аҷдодиамон сарф шуд. Оғози садсолаи сеюм оғози бунёдкориву созандагиҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гашт.

Аввалин амали хайре, ки роҳбари кишвар пиёда карданд, пурра ба Ватан баргардонидани фирориёни иҷборӣ ва бо манзилу ҷойи кор таъмин намудани онҳо буд ва инро собиқ фирориёну акнун ватандорон аз баракати сулҳе медонистанд, ки аз дақиқаи аввали ба вазифаи сардори давлат интихоб шуданашон Эмомалӣ Раҳмон ба миллати шарафманди тоҷик ваъда карда буданд ва ба ваъдаашон вафо намуданд.

Мардуми кишвар хуб дар хотир доранд, ки дар даврони шӯравӣ имконоти аз як минтақаи кишвар ба дигар минтақаи он рафтуомад кардани мардум мушкилии зиёд буд. Ҳолатҳое мешуд, ки донишҷӯён муддати ним сол имкони аз аҳволи падару модари худ хабардор шуданро надоштанд. Танҳо дар фасли тобистон ва он ҳам на ба ҳама, шароит муҳайё мешуд, ки ағбаву дараҳои хатарнокро пушти сар намоянд ва ба дидори азизони худ бирасанд.

Президенти кишвар бо кушодани нақбҳову таъмири роҳҳо ин мушкилии садсолаҳоро ҳал карданд ва имрӯз ҳамагӣ чанд соат лозимаст, ки аз як гӯшаи дурдасти диёр ба дигар гӯшаи замоне дастнорас бирасӣ. Ин ҳам натиҷаи ҳамон сулҳест, ки роҳбари кишвар ваъда дода буданд ва ин ваъдаашро ҳам ҷомаи амал пӯшониданд. Шабҳои берушноиву бегармӣ аз хотири мардум фаромӯш нашудааст. Ин ҳамагӣ 7-8 сол пеш буд. Бобунёди даҳҳо нерӯгоҳҳои хурди обию барқӣ ва баъдан мавриди истифода қарор додани нерӯгоҳи пуриқтидортари «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва ниҳоят дучархаи авали нерӯгоҳи Роғун ин мушкилии мардум роҳи ҳалли худро пайдо кард. Имрӯз хонаи тоҷик равшану гарм аст ва Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистонро на танҳо ба кишвари истеҳсолкунандаи барқ мубаддал гардонид, балки акнун аз барқи тоҷик кишварҳои ҳамсояи Афғонистону Ӯзбекистон истифода мебаранд.

Ин аст натиҷаи боз ҳамон сулҳи ваъдакардаи роҳбари кишварамон. Ҳама шоҳидем, ки 10-15 сол муқаддам нархи маҳсулоти сохтмонӣ, бахусус семент, осмонӣ буду дастрас кардани он ҳам осон набуд.

Мошинҳои пур бор тавассути Афғонистон аз кишвари Покистон семент меоварданд ва ин мошинҳои гаронвазн роҳҳои бе ин ҳам ба таъмир ниёздоштаи кишварамонро валангор мекарданд. Имрӯз чандин корхонаҳои сементбарорӣ дар минтақаҳои гуногун фаъолият доранд ва ривоҷ ёфтани сохтмони чӣ биноҳои маъмуриву чӣ манзилҳои истиқоматӣ ба шарофати ба кор андохтани силсилакорхонаҳои сементбарорист, ки шабонарӯзӣ фаъолият доранд. Дар қатори алюминий ва пахта имрӯз сементи тоҷикро барои фурӯш ба бозори ҷаҳонӣ баровардаанд. Магар ин ҳамаро мо ба даст меовардем, агар сулҳ намебуд? Албатта, не.

Метавон дастовардҳоро дар тамоми соҳаҳо: сиёсат, иқтисод, кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу варзиш, тандурустӣ ва ғайра номбар кард ва он рӯйи чандин варақро пур хоҳад кард. Вале ба ҳар нафари Ватандӯсту ватандор ва нияти холис дошта маълум аст, ки ин ҳама тавасути сулҳу осоиштагӣ ба даст омадааст. Ҳамон сулҳе, ки 30 сол муқаддаам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Қасри Арбоб ваъда карда буданд. Ва мо, сокинони кишвар, аз Пешвои миллат бояд сипосгузор бошему бо як овоз бигӯем: «Сад ҷаҳон ташаккур, ки барои мо сулҳо вардед!».

Ҷумъа МИРЗО,
Сармуҳаррири маҷаллаи «Тоҷикистон»