Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА БУНЁДИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН

11.11.2022.1Таҳти ҳамин унвон рӯзи 11 ноябри соли равон дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҳамоиши илмӣ муовинони вазири фарҳанг Сафарзода Давлат Шариф, Шарифзода Манучеҳр Муртазо, сардорони раёсату шуъба, роҳбарону кормандони тобеи вазорат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Сафарзода Давлат Шариф дар оғози ҳамоиш аҳли нишаст ва мардуми сарбаланди тоҷикро бо ин санаҳои муҳимму тақдирсози миллат табрику таҳният гуфта, ҳадаф аз баргузории ин чорабиниро бо эҳсосу ғурури баланди миллӣ таҷлил намудани ин рӯзҳои таърихӣ арзёбӣ намуд.

Мавсуф дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки бо интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири халқи тоҷик ҳал шуд. Президенти мо ба бахти миллати тоҷик бозёфти беназиру инояти Худованд аст. Нақши Иҷлосия ва рисолати бузурги Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангии мамлакат басо муҳиму таърихӣ мебошад.

Ба истиқболи 30-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанг китоби “Иҷлосияи давлатсоз”-ро бо маҷмӯъи шеъру маводҳо ва хотироти аҳли адаб, ходимони сиёсию давлатӣ, намояндагони халқ дар парлумони кишварро рӯи чоп овард, ки дар ҳамоиши имрӯза рӯнамоии ин маҷмӯъа низ доир шуд.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳтарам Ҳотам дар рӯнамоии китоб зикр намуд, ки “Дар оғози китоб муроҷиатнома, суханони рӯҳбахш ва ояндасози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оварда шудааст, ки барои наврасону ҷавонон муҳимияти арзишманде дорад. Суханрониҳои вакилони ин Иҷлосия, ҳамзамон, аксҳо аз суханрониҳои Раиси Шӯрои Олӣ, бӯсидани парчами миллӣ ва маводу шеърҳои аҳли адабу ходимони сиёсӣ гирдоварӣ шудаанд”.

Гуфта шуд, ки хонанда аз мутолиаи ин китоб дарк хоҳад кард, ки бо чӣ гуна душвориҳо сулҳу салоҳ, ваҳдату ҳамбастагии мо тоҷикон ба даст омад. Дар ҳамон солҳо Эмомалӣ Раҳмон рисолати Қаҳрамони миллатро сазовор гашта буд.

Сардори раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Мирализода Размоналӣ бо маърӯзаи пурмӯҳтаво дар мавзӯи “Иҷлосияи давлатсоз” баромад намуда, баргузор гардидани Иҷлосияи 16-умро дар таърихи миллати тоҷик ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахту саодат, хушбахтию иқболи накӯи миллати тоҷик номид. Суханони Ҷаноби Олӣ дар ин Иҷлосия “Ман ба шумоён сулҳ меоварам” мардумро умед ба ояндаи нек бахшид. Мардумро итминону боварӣ бар он намуд, ки ба кишвар сулҳ меоварам. Сарвари мо ҳадафу андеша ва роҳи интихобнамудааш ягона ва беназир аст.

Ҳамзамон, дар ҳамоиш суханронии директори МД “Хонаи китоби Тоҷикистон” Нодирзода Сайзароб дар мавзӯи “Иҷлосияи сарнавиштсоз ва рушди интишори осори илмию адабӣ”, сармуҳаррири маҷаллаи “Тоҷикистон” Ҷумъа Мирзо дар мавзӯи “Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ-оғози раванди сулҳ дар Тоҷикистон”, мудири редаксияи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии “Сарредаксияи илмии Энсклапедияи милли тоҷик” Ҳусейнов Саидҷалол дар мавзӯи “Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва масоили ҳамбастагии миллӣ дар Тоҷикистон”, сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” Хушдили Раҳимҷон дар мавзӯи “Таҷлили Рӯзи Президент-тантанаи амният, субот ва муттаҳидии миллат” шунида, ки баромадкунандагон бо эҳсоси баланди миллӣ, бо қадршиносӣ аз сулҳу суботи кишвар суханронӣ намуда, бо қироати шеърҳо 30-солагии баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳамагон табрику шодбош гуфтанд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг