Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ МУДИРИ МИНТАҚАВИИ ЮНЕСКО ДАР ТОҶИКИСТОН, ҚАЗОҚИСТОН ВА ҚИРҒИЗИСТОН

09.11.2022.6Мулоқоти вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо мудири минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Магнуссон Бенгт Магнус баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ки ҳамкориҳоро дар асоси заминаи эътибору эҳтироми тарафайн ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии ЮНЕСКО дар самти фарҳанг, санъат ва ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ба роҳ монад.

Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳоро дар доираи татбиқи 2 лоиҳа: 1) роҳи абрешим дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад; 2) таҳким бахшидани маҳоратҳои рақамӣ ва баробарии гендерӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Корея дастгирӣ меёбад ва ҳамчунин, баргузории коференсияи минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор доданд.

Магнуссон Магнус миннатдорӣ хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои хубу самарабахш дар соҳаи фарҳангу санъат ва ҳифз мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ баён намуд.

Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг ва ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор шуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг