Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ТЕАТРИ КАСБИИ ТОҶИК

09.11.2022.3Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик, ки ҳамасола дар ҷумҳурӣ 7 ноябр ҷашн мегардад, чорабинии идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, аҳли фарҳангу ҳунари мамлакат иштирок намуданд.

Дар саҳни театр ҳунармандони Сирки давлатӣ бо намоиш додани маҳорату иҷроишҳои гуногуни ҷолибу диданӣ иштирокчиёнро пазироӣ намуданд.

Дар оғози чорабинӣ Зулфия Давлатзода ҳунармандону ҳаводорони театрро бо Рӯзи театри касбии тоҷик табрику таҳният гуфта, аз мардуми кишвар даъват ба амал овард, то бештар рӯ ба театр оранд, зеро саҳнаи театр саҳнаест тарбиятгар ва намоишномаҳои театрӣ ба ҳар як фард бахшандаи ғизои маънавӣ мебошад. Маҳз тамошои намоишномаҳои театрӣ метавонад дар таълиму тарбияи насли ҷавону наврас саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳамзамон, Вазири фарҳанг аз ҳунармандону кормандони театр дархост намуд, ҷиҳати ҷалб намудани тамошобинон ба театр намоишномаҳои ҷолибу диданиро рӯи саҳнаи ҳунар оранд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки 93 сол муқаддам аввалин маротиба рӯзи 7 ноябр театри тоҷик ба фаъолият шурӯъ кард, ки айни замон дар ҷумҳурӣ 18 театрҳои касбӣ пайи эҷоду фаъолият мебошанд.

Гуфта шуд, ки дар соли равон ҳунармандони театрҳои ҷумҳурӣ дар як қатор ҷашнвораю фестивалҳои байналмилалӣ бомуваффақият ширкат варзида, ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат низ, намоишномаҳои хешро манзури ҳаводорону ихлосмандон гардониданд.

Сипас, дар фазои тантанавӣ як қатор ҳунармандону кормандони театрҳои мамлакат бо нишони соҳавии "Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ҳунармандони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри русии ба номи Вл. Маяковский, Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе, Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Театри тамошобини ҷавон "Аҳорун", Театри "Ойина" бо намоишномаҳои кӯтоҳи ҷолибу диданӣ ва ҳунармандони бомаҳорати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ба чорабинӣ шукӯҳу шаҳомати тозаи идона бахшиданд ва иштирокчиён бо қафкӯбиҳои бардавом аз ҳунару маҳорати ҳунарпешагон истиқбол карданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг