Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН БА ШАҲРИ КУЛОБ

08.11.2022.4Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 4 ноябр сафари ҳунарии як гурӯҳи ҳайати рӯзҳо ба шаҳри Кулоби вилояти Хатлон сурат гирифт.

Дар даромадгоҳи шаҳр меҳмононро Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр, аҳли фарҳангу ҳунар бо меҳмоннавозии тоҷикона, рақсу суруду тарона истиқбол гирифтанд.

Дар оғози сафар меҳмонон аз муҷассамаи "Дуои модар" дидан намуда, бо намунаи олии эҷоди муҷассама шинос гардиданд. Сипас, меҳмонон ба Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализода ташриф оварда, бо намунаи созҳои миллии мусиқӣ ошно шуданд. Аҳли ҳунари театр барои пазироии меҳмонон намоишномаи "Солори Аҷам"- и Файзи Ашӯр дар таҳияи коргардон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров, ки аз рӯзгори Орифи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ қисса мекунад, пешкаш намуданд. Намоишнома бо маҳорати баланди коргардонӣ ва ҳунармандӣ манзур гардид, ки меҳмононро писанд омад.

Ҳамзамон, аҳли фарҳанги Эрон аз Донишгоҳи давлатии Кулоб дидан карда, нахуст бо осори илмии устодони Донишгоҳ шинос гардида, дар толор барномаи ҳунарии хешро пешкаши аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр гардониданд.

Дар ҷараёни боздид меҳмонон оромгоҳи шоири шаҳир Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, аз Осорхонаи таъриху кишваршиносии 2700- солагии шаҳри Кӯлоб низ боздид намуданд.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг