Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ДОНИШКАДАИ ДАВЛАТИИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ ВА ДИЗАЙН НАМОИШИ АСАРҲОИ ЭРКИН СУЮНОВ ИФТИТОҲ ГАРДИД

08.11.2022.3Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони "Дунёи ман" асарҳои эҷодии рассоми моҳиру муваффақи тоҷик, мудири кафедраи дизайн ва меъмории донишкада Эркин Суюнов кушода шуд.

Намоиши асарҳои рассомро Ректори донишкада Ғанизода Ҷамшед Шуҷоат ифтитоҳ намуда, аз эҷодиёт ва фаъолияти пурсамари устоди моҳир дар соҳаи санъати тасвирӣ ва дизайн бо самимияти беандоза ёдоварӣ намуд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифзода Манучеҳр Муртазо ба ҳунару маҳорати рассомии Эркин Суюнов баҳои баландро сазовор дониста, дар эҷоду фаъолияти касбиаш муваффақиятҳои назаррас таманно намуд.

Ҳамзамон, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Хамидова, директори Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи Мирзораҳмат Олимов Сироҷиддин Ҷӯрахонзода зимни суханрониҳояшон ба рассоми чиррадаст комёбиҳои эҷодӣ орзу намуда, кушодашавии чунин як намоиши диданиро табрику таҳният гуфтанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар намоиши тасвирҳо зиёда аз 40 адад асарҳои рассом бо манзараҳои дилфиребу дидании Ватани азиз, табиати зебо, чашмаю дарёҳои софу зулоли кишвар ба намоиш гузошта шуд, ки иштирокчиён бо шавқу завқи беандоза тамошо карданд.

Дар ин бора аз Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон хабар доданд.


Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг