Ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 6 ноябр дар саросари ҷумҳурӣ ҷашн гирифта мешавад, дар Муассисаи давлатии “Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқов” 4 ноябри соли равон чорабинии идона бо иштироки роҳбарият, устодону шогирдони муассиса баргузор гардид.
Чорабиниро директори коллеҷ Раззоқзода Салоҳиддин Шамсиддин ифтитоҳ бахшида, аҳли нишастро ба муносибати 28-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, Конститутсияро ба сифати ҳуҷҷати роҳнамо барои расидан ба қуллаи мурод шуморид.
Инчунин дар бораи таърихи қабул ва тағийру иловаҳои ба Конститсия воридшуда андешаронӣ кард. Ҳамзамон, устодони муассиса Собиров Тоҳир ва Ҳомидов Абдураҳим вобаста ба ин бахтномаи миллат бо маърӯзаҳои пурмӯҳтаво баромад карданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ донишиҷӯёни таълимгоҳ бо қироати шеърҳо дар васфи Ватан, Тоҷикистон, сулҳу дӯстӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ баромад намуда, ба ҷамъомади идона шукӯҳу шаҳомати хоса бахшиданд.
Дар ин бора аз Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П.Бӯйдоқов хабар доданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг