Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАШРИФИ АҲЛИ ФАРҲАНГИ ЭРОН БА ШАҲРИ ҲИСОР

08.11.2022.1Рӯзи 5 ноябри соли равон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Ҳисор ташриф оварданд.

Намояндагони фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эронро дар ин сафар Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ҳамроҳӣ намуд.

Меҳмононро дар саҳни Қасри фарҳанги шаҳр Муовини якуми раиси шаҳри Ҳисор Каримзода Сироҷиддин, аҳли фарҳангу ҳунар бо меҳмоннавозии тоҷикона истиқбол гирифтанд.

Чорабинии фарҳангиро Сафарзода Давлат Шариф ифтитоҳ намуда, баргузории Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эронро, ки чанд рӯз аст дар ҷумҳурӣ идома дорад, падидаи беназиру рӯйдоди фарҳангӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамзамон, Муовини вазири фарҳанг ва Иршоди Исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Маҳмуди Солорӣ зимни суханронии хеш аз пазироии самимии мардуми фарҳангдӯсту меҳмоннавозии тоҷик ба аҳли фарҳангу ҳунари Ҷумҳурии Исломии Эрон арзи сипосу миннатдорӣ баён намуд.

Сипас, аз ҷониби ҳунармандони эронӣ ба аҳли нишаст, сокинони шаҳри Ҳисор маҳфили "Шоҳномахонӣ", "Мавлонохонӣ" ва "Варзиши зӯрхонаӣ" тақдим гардид, ки ҳозирин аз тамошои барномаҳои ҷолиб бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг