Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

КОНСТИТУСИЯ– БАХТНОМАИ МИЛЛАТ!

04.11.2022.6Рӯзи 3 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба 28-умин солгарди рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов чорабинии сиёсӣ–фарҳангӣ баргузор гардид.

Нахуст маърӯзаи омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Сироҷзода Саидшоҳ дар мавзӯи “Конститутсия кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъминкунандаи ҳадафҳои стратегии миллӣ” ва маърӯзаи ҳуқуқшиноси Консерватория Каримов Муҳаммадҷон дар мавзӯи “Конститутсия - бахтномаи миллат” шунида шуд.

Маърӯзакунандагон дар бораи аҳамият ва мақоми Конститутсия дар низоми идоракунии давлат, таъмини амният ва ҳадафҳои стратегии миллӣ сухан ронда, нақши онро дар эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон калидӣ арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки Конститутсияи навини Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро арзиши олӣ эътироф намуда, давлат кафолати онро таъмин менамояд.

Пас аз шунидани маърузаҳо барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони 16-умин Бозиҳои байналмилалии Делфӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддинов Беҳрӯз, Пулотов Ғайрат, Савдаршоева Савсан, Сафарзода Афзалшо ва Абдуллозода Шерзод пешкаши аҳли нишаст гардид, ки ҳозирин бо хушҳолӣ ва завқи беандоза пазироӣ намуданд.

Дар ин бора аз Консерваторияи миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг