Сомонаи пешина | Яш, 29 Январ 2023 / 23:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

БОЗДИДИ ҲАЙАТИ РӮЗҲОИ ФАРҲАНГӢ АЗ ОСОРХОНА ВА ХОНА-МУЗЕЙИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ

04.11.2022.5Рӯзи 4 ноябри соли ҷорӣ як гурӯҳи ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд, аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дидан намуданд, ки меҳмононро муовини раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҳамроҳӣ намуд.

Дар ҷараёни боздид аз Осорхона меҳмонон бо таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ошноӣ пайдо карда, дар поёни боздид дар Китоби хотироти Осорхона андешаҳои хешро дарҷ намуданд.

Ҳамзамон, меҳмонон ба Боғи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, аз мақбара ва Хона-музейи шоир дидан карданд. Чун анъанаи тоҷикон дар Хона-музей хони пурнозу неъмат бо маҳсулотҳои нонӣ, шириниҳо ва меваҳои шаҳдбори диёр густурда шуд. Бо хони густурда меҳмононро пазироӣ намуда, аз эҷодиёти шоири зиндаёд, ғазалсарои нотакрор Камоли Хуҷандӣ шеърхониҳо карданд.

Хотиррасон мешавем, ки ҳайати меҳмононро дар шаҳри Хуҷанд Сафари мухтор ва томмулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ҳамроҳӣ мекунад.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг