Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 01:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ДАР ҚАСРИ ФАРҲАНГ ВА ОСОРХОНАИ ШАҲРИ БОХТАР БАРНОМАҲОИ ҲУНАРИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ИДОМА ЁФТ

04.11.2022.3Рӯзи 3 ноябри соли равон пас аз пазироии самимии ҳайати Рӯзҳо дар Қасри фарҳанги шаҳри Бохтар ҳунарнамоии гурӯҳои мусиқии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд.

Дар оғози чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ташрифи меҳмононро ба вилоят хайрамақдам гуфта, баргузории Рӯзҳои фарҳанги Эронро дар Тоҷикистон барои боз ҳам ривоҷ ёфтани равобити дӯстонаи ду мардуми ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои чандинҳазорсола заминаи воқеъӣ фароҳам хоҳад овард.

Сипас муовини вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, доктор Маҳмуд Солорӣ дар суханронии хеш аз пазироии самимии аҳли ҳунару фарҳанг дар шаҳри Бохтар изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

Ҳунармандони бомаҳорати эронӣ бо шеъру суруду таронаи дилчасп, бо қироати порчаҳо аз “Шоҳнома”-и безавол ба тамошобинони сершумори вилоят шодию сурур бахшиданд.

Пас аз базми шеъру суруд дар Осорхонаи шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва намунаи ҳунари хаттотии хушнависони Эрон баргузор шуд, ки аз ҷониби мардуми фарҳангпарвари шаҳри Бохтар бо хушҳолӣ пазироӣ гардид.

Ҳамзамон, меҳмонон аз Осорхона дидан намуда, бо таъриху фарҳанги дирӯзу имрӯзи ифтихоромехи миллати куҳанбунёди тоҷик ошноӣ пайдо намуданд.

Шоми ҳамин рӯз дар Боғи Нишони миллии шаҳр намунаи ҳунарҳои мардумии сокинон пешниҳод гардид, ки меҳмонон бо завқу шавқи беандоза аз ин намоиш дидан намуданд ва ба ҳунару маҳорати ҳунармандони тоҷик баҳои баландро сазовор донистанд.

Инчунин ба хотири болида гардонидани табъу завқи меҳмонон ҳунарпешагони Театри давлатии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов намоишномаи зебою диданиро манзур гардониданд.

Сафари ҳунармандони Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вилояти Хатлон идома дошта, рӯзи 4 ноябр дар шаҳри Кулоб барномаҳои ҳунарии хешро намоиш хоҳанд дод.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг