Чуноне иттилоъ додем, як гурӯҳи ҳайати Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд қарор дошта, барномаҳои ҳунарии хешро манзури сокинону меҳмонони шаҳр мегардонанд.
Рӯзи 3 ноябри соли равон дар Кохи Суғдиёни шаҳр вохӯрии Сафири мухтор ва томмулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ ва шоирони эронӣ бо адибони ширинкаломи тоҷик Озарахш, Фарзона, Додохон Эгамзод ва дигарон баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо аз ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ, аз шеъру сухани тоҷикию форсӣ ибрози назар намуда, дар васфи дӯстию бародарӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ шеърхониҳо карданд.
Ҳамзамон, барномаи ҳунарии рӯзҳо бо маҳфили “Шоҳномахонӣ”, гурӯҳҳои мусиқӣ ва варзишгарони зурхонаӣ пешкаши тамошобинони шаҳри Хуҷанд гардид.
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг