Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ПАЗИРОИИ САМИМОНАИ МЕҲМОНОНИ ЭРОНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

04.11.2022.4Рӯзи 3 ноябри соли равон як гурӯҳи ҳайати Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ба шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Меҳмононро дар назди майдони Парчами миллӣ Муовини раиси вилоят Фирӯза Шарифӣ, Раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин, аҳли фарҳангу ҳунари шаҳр бо самимияту муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд.

Ҳайати Рӯзҳо қарор аст, дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ, дар шаҳрҳои Бохтару Кулоб барномаҳои ҳунарии хешро манзури сокинон гардонанд.

Аз ҷараёни баргузории барномаҳои ҳунарии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гузоришҳои оянда пешниҳод мегардад.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг