Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 19:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

МАҲФИЛИ АДАБИИ ШОИРОНИ ТОҶИКИСТОНУ ЭРОН

03.11.2022.2Рӯзи 1 ноябри соли равон дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ маҳфили адабӣ бо иштироки шоирон ва ҳунармандони Эрону Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маҳфили адабӣ Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, Сафири мухтор ва томмулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, аҳли адабу фарҳанг иштирок доштанд.

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Сафири мухтор ва томмулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории маҳфили адабиро бо иштироки адибони ду кишвари ҳамзабон дар рӯзҳои фарҳангӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки шеъри шоирони тоҷику эронӣ аз саргаҳи як сарҷашма об хурдаю намунаи беҳтарину арзандатарин шинохта шуда аст. Маҳз ашъори ноби Рӯдакию Фирдавсӣ, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандию Абдураҳмони Ҷомӣ, Аттору Мавлоно тавонистанд то ба имрӯз адабиёти пурғановати тоҷику форсро зиндаю ҷовидона нигоҳ доранд.

Сипас миёни шоирони ширинкаломи тоҷику эронӣ Гулрухсор, Алиризо Қазва, Аскар Ҳаким, Ғуломризо Хушиқбол, Муҳаммад Ғоиб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Муҳаммадризо Баҳром, Рустами Ваҳҳоб, Муҳаммади Муродӣ ва ҳунармандони гурӯҳи “Суруши Мавлоно”, Афзалшоҳи Шодӣ, Умари Темур маҳфили бошукӯҳи шеъру суруд баргузор гардид, ки аҳли нишаст бо хушҳолию табъи болида аз шаби шеъру суруд пазироӣ намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг