Рӯзи 1 ноябри соли равон дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кинотеатри “Ватан”-и шаҳри Душанбе намоиши филмҳои синамогарони Эрон шурӯъ гардид.
Аз ҷониби синамогарони эронӣ филмҳои “Тахтӣ” таҳти коргардонии Баҳром Таваккулӣ, “Ремотизми Имод ва Турбо”-и коргардон Кова Сабботнажод ва “Роҳи обии абрешим”-и коргардон Муҳаммад Бузургниё ба намоиш гузошта мешавад.
Филми коргардони эронӣ Баҳром Таваккулӣ “Тахтӣ” имрӯз намоиш дода шуд, ки сокинону меҳмонони пойтахт бо музаббату ихлоси беандоза ин филмро тамошо карданд.
Намоиши филмҳои синамогарони Эрон дар кинотеатри “Ватан” идома дошта, рӯзи 2 ноябр соати 16.00 филми “Ремотизми Имод ва Турбо” ва 5 ноябр соати 10.00 филми “Роҳи обии абрешим” манзури тамошобинон мегардад.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг