Рӯзи 31 октябри соли ҷорӣ ҳайати расмии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти роҳбарии Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд.
Ҳайати меҳмононро Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф ва директори Осорхона Иброҳимзода Зафар ҳамроҳӣ намуда, аз толорҳои дастхатҳои қадима, экспонатҳо, аз давраи санг то давлатдории тоҷикон, ҳунарҳои мардумӣ дидан намуда, бо таъриху фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ошноӣ пайдо намуданд.
Меҳмонон бо таърихи куҳани халқи тоҷик дар мисоли бозёфтҳои ёдгориҳои “Асри санг”, “Саразм”, “Оини Зардуштӣ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Кушониён”, “Аҷинатеппа”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Сиккаҳо” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошно гардиданд.
Пас аз анҷоми сайри осорхонавӣ Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмсҳдии Исмоилӣ бо изҳори хушҳолӣ ҳамчун анъана дар китоби “Меҳмонони фахрӣ”-и Осорхонаи миллӣ андешаҳои хеш дарҷ намуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо чун рамзи дӯстӣ ва эҳтиром ба ҳамдигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг