Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

РӮЗҲОИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН ИФТИТОҲ ГАРДИД

02.11.2022.4Рӯзи 31 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо садо додани Сурудҳои миллии ҳар ду кишвар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ гардид.

Дар маросими ифтитоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ, Сафири мухтор ва томмулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ, намояндагони дипломатҳои хориҷӣ, аҳли фарҳангу адаб иштирок доштанд.

Маросими ифтитоҳи рӯзҳо бо суханронии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Зулфия Давлатзода аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки аз 2 то 9 октябри соли ҷорӣ, бо иштироки зиёда аз 50 нафар ҳунармандони бомаҳорати тоҷик, дар шаҳрҳои Теҳрон, Шероз ва Табрез баргузор гардид, бо самимияти беандоза ёдоварӣ намуда, ба Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва мақомотҳои марбутаи ин кишвар ҷиҳати меҳмоннавозӣ ва дар сатҳи олӣ баргузор шудани рӯзҳо арзи сипосу миннатдорӣ кард ва ҳузури меҳмонон, аҳли фарҳангу ҳунари Эронро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Мавсуф зикр кард, ки Тоҷикистону Эрон ду миллати ҳамзабону ҳамфарҳанг ва дорои пайвандҳои таърихию мероси муштарак мебошанд, ки равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавии ҳар ду кишвар солҳои зиёдест, ки густариш меёбад. Ин натиҷа ва самараи талошҳои роҳбарони ҳарду давлат буда, дар ин радиф муносибатҳои фарҳангии ҷумҳуриҳо низ мақоми хоса доранд. Сафири мухтор ва томмулихтиёри Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ибрози хушҳолӣ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикисттон ва мақомотҳои марбута ҷиҳати мусоидат ба баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ арзи сипосу миннатдорӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳамзабонию ҳамфарҳангии ду миллат сабабгори то ба имрӯз созгор мондани муносибатҳо дар ҳама самтҳо мебошад.

Таъкид бар он намуданд, ки бо беҳтарин намунаҳои фарҳангӣ, намоишҳои филмҳо, ҳунарҳои мардумӣ, мусиқию маҳфилҳои шеърию шоҳномахонӣ меҳмони кишвари Тоҷикистон гардиданд.

Сипас, барномаҳои ҳунарии гурӯҳи мусиқии “Пож”, “Суруши Мавлоно”, “Шоҳпар”, “Варзишгарони зурхонаӣ” ва шоҳномахонӣ манзур гардид, ки тамошобинон бо самимияти хоса истиқбол карданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг