Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 01:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ВОХӮРИИ ВАЗИРИ ФАРҲАНГИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ВА ИРШОДИ ИСЛОМИИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН

02.11.2022.3Рӯзи 31 октябри соли равон дар Китобхонаи милли Тоҷикистон, дар доира баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ баргузор гардид.

Дар оғози вохӯрӣ ҳайати меҳмонон аз толорҳои Китобхонаи миллӣ дидан намуда, бо нусхаи дастхатҳои нодири Китобхона, ки аз осори пурғановати шоирони классикии тоҷику форс аз қабили “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ, асарҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Насриддини Тусӣ ва дигарон гирдоварӣ шудаанд, ошноӣ пайдо намуданд.

Сипас  дар фазои дӯстона мулоқоти ҷонибҳо оғоз ёфт. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат вохӯриро ифтитоҳ бахшида, ташрифи меҳмононро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.

Мавсуф ҳамкориҳои миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мусбат арзёбӣ намуда, аз ҳамзабону ҳамфарҳанг будани ду сарзамин ибрози андеша намуд.

Зулфия Давлатзода дар идомаи сухани хеш қайд кард, ки “Як моҳ пеш Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, ки мардуми ин сарзамин фарҳангу ҳунари моро дар сатҳи олӣ пазироӣ намуданд. Пас аз фурсати кӯтоҳ имрӯзҳо Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҷумҳурии зебои мо баргузор мегарданд, ки ин гувоҳӣ аз ҳамфарҳангу ҳамзабонии мо медиҳад. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳунармандони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо барномаи рангину диданӣ дар шаҳри Душанбе, шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтару Кӯлоб баромад хоҳанд кард.”

Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадмаҳдии Исмоилӣ зимни суханронии хеш аз пазироии самимона арзи сипосу миннатдорӣ намуда, аз баргузории Рӯҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки “Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон хеле хуб гузашт ва мардум аз барномаҳои фарҳангӣ лаззат бурданд. Робитаҳои чандинҳазорсола миёни ду миллат қарор дорад, ки моро водор месозад бештару хубтар муносибатҳоро ба роҳ монем. Вақте кучаҳои Душанбе қадам мезанам, фикр намекунам дар кишвари бегона бошам, зеро лафзи зебою равони форсиро мишунавам. Боварӣ дорам, ин эҳсосро шумо ҳам дар Эрон доштед. Ин муҳимтарин сармояи ду кишвар аст, ки забони мо муштарак аст”.

Дар ҷараёни вохӯрӣ миёни ҷонибҳо гуфтугӯи дӯстонаю самимона сурат гирифта, вобаста ба нашри китобҳои адибони ду кишвар, багузории намоишҳои китобӣ, барномаҳои фарҳангӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои марбути соҳаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Пас аз анҷоми вохӯрии дӯстона ҷонибҳо бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон суҳбат ороста, баргузории рӯзҳоро дар Тоҷикистон падидаи беназири фарҳангӣ арзёбӣ намуданд.

Вохӯрӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, самимонаю дӯстона баргузор гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг