Сомонаи пешина | Дш, 30 Январ 2023 / 00:01
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ҒОЛИБОНИ ҶОЙҲОИ ИФТИХОРӢ ВА ГИРАНДАГОНИ “ШОҲҶОИЗАҲО” МАЪЛУМ ГАРДИДАНД

02.11.2022.1Рӯзи 28 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” баргузор гардид.

Дар маросими ҷоизасупорӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси комиссия озмун Саттороиён Матлубахон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ, Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло, Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ғолибзода Дилбар, Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, аҳли фарҳангу адаб иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи озмун Сатториён Матлубахон арзи сипосу миннатдории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба аъзои ҳакамони озмун, утодону иштирокчиён иброз дошта, ғолибони даври ниҳоиро табрику таҳният гуфт ва дар идомаи сухани хеш зикр кард, ки “Тӯли 4 сол мешавад бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” роҳандозӣ гардидааст. Дар ин муддат ҷеҳраҳои нав, наврасону ҷавонони соҳибзавқ аз саросари мамлакат рӯи саҳнаи ҳунар омадаанд, ки имрӯзҳо пайи омӯзишу эҷоди санъату ҳунар дар муассисаҳои таълими мусиқӣ фаро гирифта шудаанд. Дар озмуни имсола, ки ба 30-солагии Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст, наврасону ҷавоони соҳибистеъдод бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад намуда, беҳтаринҳо сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, мукофоту ҷоизаҳо мегардиданд. Ба иштирокчиён ва ғолибон парвози баланди эҷодӣ, муҳаффариятҳои нав ба навро орзумандам”.

Сипас маросими бошукӯҳи супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ шурӯъ гардид.

Як қатор ғолибон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шуданд, ки аз ҷониби Ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Низомӣ Муҳриддин, Ректори донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ вадизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед ва директори дастаҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомов тақдим гардиданд.

Дар номинатсияи навозандагӣ, жанри академӣ аз 12 то 17 сола Рамхудоев Эҳсон аз шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум, Маликова Муаттар ва Оқилова Турсуной аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Адилов Самир аз шаҳри Душанбе ва Некбахшоев Аҳмадшо аз ноҳияи Ишкошим сазовори ҷои сеюм шуданд, ки аз тарафи Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим тақдим гардиданд.

Дар номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ аз 12 то 18 сола Нусратшоев Нуриддин аз ноҳияи Рӯшон сазовори ҷои якум, Сулаймонов Фариз аз шаҳри Бӯстон ва Маҷидов Саломат аз ноҳияи Рӯшон ҷои дуюм, Маҳмадкаримова Ширинмоҳ аз ноҳияи Шаҳритус ва Неъматов Шаҳриёр аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷои сеюм шуданд, киаз ҷониби ҳунарманди шинохта Ибодулло Машрабов тақдим гардид.

Дар номинатсияи навозандагӣ, жанри академӣ аз 18 то 40 сола Муқимова Райҳона аз шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум, Файзализода Марҳабо аз шаҳри Душанбе ва Мамадҷонов Олимҷон аз шаҳри Хуҷанд ҷои дуюм, Дониярова Шаҳноза аз шаҳри Душанбе ва Воҳидова Томирис аз шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои сеюм гардиданд, ки вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафиқа Мусоева сарфароз гардонид.

Номинатсияи сарояндагӣ, жанри академӣ аз 18 то 40 сола Ҳамроева Тахмина аз шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои якум, Ҳусейнов Фазлиддин аз шаҳри Душанбе, Зоиров Шаҳром аз шаҳри Бохтар ҷои дуюм, Муҳаммадшозода Искандар аз ноҳияи Данғара ва Ҳотамов Ҳофиз аз шаҳри Панҷакент соҳиби ҷои сеюм шуданд, ки аз ҷониби вакили Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайбулло Афзалов супорида шуданд.

Дар номинатсияи композиторӣ, жанри академӣ аз 19 то 40 сола Ёров Фирдавс аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷои якум, Сайдалиев Сорбон, Салихова Диана аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Самадов Фаррух аз шаҳри Душанбе, Убайдуллоев Сайдаҳмад аз ноҳияи Ёвон сазовори ҷои сеюм гардиданд, ки аз тарафи Ходими пешбари АМИҶТ Мирзошроҳрух Асрорӣ супорида шуданд.

Дар номинатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ аз 12 то 18 сола Муҳиддинова Омина аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷои якум, Душанбиев Комрӯз аз ноҳияи Рӯшон, Солиев Икромҷон аз ноҳияи Спитамен ҷои дуюм, Раҳмонзода Исмоил аз ноҳияи Данғара, Ёров Муҳаммад аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷои сеюм шуданд, ки мудири шуъбаи Энсиклопедии милли тоҷик Орумбекзода Шамсиддин тақдим гардиданд.

Номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ аз 12 то 18 сола Аҳмадҷонов Дилшод аз ноҳияи Ҷ. Расулов сазовори ҷои якум, Ҷабборов Асадулло аз ноҳияи Ёвон ва Партовов Муҳаммад аз ноҳияи Хуросон ҷои дуюм, Зокиров Билол аз шаҳри Душанбе ва Лочинова Нафиса аз вилояти Хатлон соҳиби ҷои сеюм шуданд, ки аз ҷониби Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Достизода Миралӣ сарфароз шуданд.

Номинатсияи навозандагӣ, жанри анъанавӣ аз 18 то 40 сола Муродова Оиша аз шаҳри Хуҷанд сазовори ҷои якум, Усмонов Улуғбек, Раҳмонов Алишер аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Шукуров Хусрав аз шаҳри Бохтар ва Муллоев Сардор аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷои сеюм гардиданд, ки аз тарафи Президенти АМИҶТ Фарҳод Раҳимӣ супорида шуданд..

Номинатсияи сарояндагӣ, жанри анъанавӣ аз 18 то 40 сола Аҳроров Азимҷон аз шаҳри Истаравшан сазовори ҷои якум, Хушвахтов Акмал аз ноҳияи Ёвон ва Қодиров Адҳам аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Давлатов Сафархон ноҳияи Ш. Шоҳин ва Ҳомидов Комрон аз шаҳри Кулоб сазовори ҷои сеюм шуданд, ки аз тарафи Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ қадрдонӣ гардиданд.

Номинатсияи композиторӣ, жанри анъанавӣ аз 18 то 40 сола Кенҷаев Шӯҳрат аз шаҳри Хуҷанд сазоври ҷои якум, Исмоилов Абдурасул ва Ҳайдаров Зоиршо аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Элбегиев Насимҷон аз ноҳияи Ёвон ва Камолов Исломиддин аз ноҳияи Левакант сазовори ҷои сеюм шуданд, ки аз тарафи мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Давлатзода Музаффар тақдим шуданд.

Дар номинатсияи навозандагӣ, жанри эстрадӣ аз 12 то 18 сола Ҳамдамов Далер аз шаҳри Хуҷанд соҳиби ҷои якум, Буриев Шаҳбоз аз ноҳияи Шаҳринав, Мубалиева София вилояти Хатлон ҷои дуюм, Ансамбли эстрадии шаҳри Хоруғ аз шаҳри Хоруғ, Ҳакимов Бежан аз шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм гардиданд, ки аз ҷониби Муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Ғолибзода тақдим гардиданд. Номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ аз 12 то 18 сола Неъматзода Юсуфҷон аз шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум, дует: Холматова Дилангез ва Ҳамдамова Сарвиноз аз шаҳри Хуҷанд, Абдуҷабборзода Худойдод аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Маҳмаднабиева Амина аз ноҳияи Рӯшон ва Турдиева Фарида аз шаҳри Душанбе сазовори ҷои сеюм шуданд, ки аз ҷониби Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло қадрдонӣ шуданд.

Дар номинатсияи навозандагӣ, жанри эстрадӣ аз 18 то 40 сола Асрорӣ Лутфулло аз шаҳри Роғун соҳиби ҷои якум, Муродова Меҳриниссо, Ниёзов Сунатулло аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Ансамбли эстрадии “Рахшон” аз шаҳри Исфара ва Имомов Маҳмадназар аз шаҳри Кулоб сазовори ҷои сеюм гардиданд, ки аз тарафи Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ супорида шуданд.

Номинатсияи сарояндагӣ, жанри эстрадӣ аз 18 то 40 сола Шукуров Абдуразоқ аз шаҳри Душанбе соҳиби ҷои якум, Олимов Нозим, Ниёзов Ҷаҳонгир аз шаҳри Душанбе ҷои дуюм, Холназаров Фирдавс аз ноҳияи Б. Ғафуров, Абдуллоев Бахтовар аз ноҳияи Восеъ соҳиби ҷои сеюи шуданд, ки аз ҷониби Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид қадрдонӣ гардиданд.

Номинатсияи композиторӣ, жанри эстрадӣ аз 18 то 40 сола Умаров Ҷурабек аз шаҳри Душанбе сазовори ҷои якум, Раҷабов Далер аз шаҳри Душанбе, Маҳмадалиев Абдуаллим аз ноҳияи Бохтар ҷои дуюм, Ҳусайнов Асломиддин аз ноҳияи Хуросон соҳиби ҷои сеюм гардиданд, ки аз тарафи Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро қадрдонӣ шуданд.

“Шоҳҷоиза” дар номинатсияи навозандагӣ ба Ғоибзода Фаридун аз шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд, ки аз ҷониби Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат қадрдонӣ гардид.

“Шоҳҷоиза” дар номинатсияи саряндагӣ Назаралиева Фотима аз шаҳри Душанбе сазовор гардид, ки аз тарафи Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Насриддинзода Эмомалӣ тақдим гардид.

“Шоҳҷоиза” дар номинатсияи композиторӣ ба Лутфуллои Раҳматулло аз шаҳри Душанбе сазовор дониста шуд, ки аз ҷониби Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон қадрдонӣ шуд.

Бо ҳамин натиҷаҳо Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар соли 2022 ҷамъбаст гардид.

Марям Холиқзода
Макази матбуоти Вазорати фарҳанг