Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 18:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ОҒОЗИ ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТ

04.07.22Рӯзи 1-уми июли соли равон дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” аз рӯи равияю ихтисосҳои самти фарҳанг ва санъат имтиҳонҳои эҷодӣ барои қабули довталабон оғоз гардид.

Довталабоне, ки ба фарҳанг ва ҳунар рағбат доранду дар оянда мехоҳанд мутахассиси баландихтисоси соҳаи фарҳангу санъат шаванд, аз рӯйи ихтисосҳои режиссура (намоишҳои театрӣ ва идҳо), режиссура (телевизион), режиссура (филми бадеӣ), рӯзноманигори телевизион, санъати актёрӣ, санъати мусиқӣ, санъати хореографӣ, сарояндагӣ (халқӣ), санъати мусиқӣ ва хореография, телеоператори кино, эҷодиёти халқӣ (мусиқии созӣ) ва WЕВ-журналистика малакаю маҳорати худро дар назди комиссия нишон медиҳанд.

Тавре ба мушоҳида гирифтем, дар раванди имтиҳонҳои эҷодӣ устодон ба маҳорату ҳунари довталабон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, ба ҳунару истеъдоди онҳо баҳои воқеӣ медиҳанд.

Холҳое, ки довталабон аз имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат ба даст меоранд, ба холҳои дар натиҷаи имтиҳонҳои тестӣ гирифтаашон ҳамроҳ карда мешаванд.

Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат дар донишкада то 12 - уми июл идома меёбанд. Ба довталабон дар супоридани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат барору комёбӣ таманно намуда, умедворем, ки онҳо ба унвони баланди донишҷӯи Муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода” сазовор мегарданд.

Додоҷон РӮЗИЕВ

04.07.22.1 104.07.22.1 204.07.22.1 3