Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 17:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

"Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930"- баргузории мизи мудаввар

29.06.2022.6Рӯзи 29 июни соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Омилҳои ташаккули матбуоти даврии тоҷик дар солҳои 1920-1930" баргузор гардид, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат, профессорон, номзадҳои илм ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок карданд.

Нахуст вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода мизи мудавварро ҳусни оғоз бахшида, иштироки намояндагони илму фарҳанги кишварро дар чорабинӣ хайрамақдам гуфт.

Зулфия Давлатзода дар суханронии хеш аз нуктаҳои муҳими дар мизи мудаввар баррасишаванда ёдоварӣ намуда, зикр кард, ки “Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи ганҷинаи гаронбаҳои халқи сарбаланди Тоҷикистон маҳсуб ёфта, сарчашмаҳои чопии таърихию фарҳангӣ, ахлоқию маънавӣ, илмию таълимиро гирдоварӣ намуда, барои насли оянда ҳифзу нагаҳдорӣ менамояд. Бо мақсади риояи меъёрҳои байналмилалӣ аз рӯзҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде дар кишвар ба сомон расонида шуд. Тавассути қабули санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба талаботи замони муосир кишвари мо ҳамчун узви комилҳуқуқи созмонҳои бузурги соҳавии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ гарид. Дар ин росто бо пешниҳоди Вазорати фарҳанг ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ расман ба узвияти Агентии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб пазируфта шуда, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2005, №239 Палатаи давлатии китоби ҷумҳурӣ намояндаи ин Созмони бонуфӯз дар ҷумҳурӣ таъйин гардид ва ба Муассисаи давлатии “Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон” тағйири ном кард. ” Айни замон Муассисаи давлатии “Хонаи китоби Тоҷикистон” маркази ягонаи таъсисдиҳандаи Рақами стандарти байналмилалии китоб барои муассисаҳои табъу нашр, сарфи назар аз мансубияти идоравӣ, инчунин бақайдгирии нашри чопии матбуоти кишвар, маркази библиографияи давлатӣ, омори матбуот ва ҳифзу нигаҳдорандаи бойгонии нодири матбуоти миллӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад..

Вазири фарҳанг аз маъмурияти муассиса даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамгардида тамоми намуди осори нашрие, ки дар бойгонии муассиса нигаҳдорӣ мешаванд, баҳри ҳифзу нигаҳдорӣ ба шакли электронӣ баргардон намоянд, зеро рақамигардонии осори нашрӣ яке аз талаботҳои замони муосир меҳсуб мегардад.

Зулфия Давлатзода ҷиҳозонидани муассисаро бо техникаву таҷҳизотҳои наву замонавӣ яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Вазорати фарҳанг номида, дар идомаи суханронӣ чунин иброз дошт, ки “Роҳбарияти Вазорати фарҳанг пайваста барои беҳтару замонавӣ гардонидани раванди фаъолият ва иқтидори техникии муассиса кӯшиш ба харҷ медиҳад. Аз ҷумла, ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити нигаҳдории китобҳои бойгонӣ ва таҷдиди дастгоҳҳои электронии муассиса лоиҳаи грантии “Таъмини таҷҳизотҳои пойгоҳҳои технологӣ ва бунёди захираҳои иттилоотии Хонаи китоби Тоҷикистон барои маблағгузорӣ аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ пешниҳод гардид. Ҷиҳати амалишавии лоиҳаи мазкур мо кӯшиш ба харҷ дода истодаем, то иқтидори техникии муассиса хубтару беҳтар гардонида шавад.”

Вазири фарҳанг матбуот ва воситаҳои ахбори оммаи кишварро яке аз унсурҳои муҳими давлати соҳибихтиёр номида, дар анҷоми сухани хеш чунин қайд кард, ки “Дар тамоми давраҳои инкишоф матбуот рисолати азалии худ-огоҳонидани ҷомеа аз воқеъаву рӯйдоди навин, шарҳу тавзеҳ ва баррасии масъалаҳои муҳим, тарғиби анъанаҳои нек, ғояҳои пешқадам, тарбияи завқи зебоипарастии мардум, ифшои камбудиҳо, мубориза бо амалҳои номатлуб ва амсоли инро иҷро намудааст. Аммо рисолати матбуот дар замони Истиқлол боз ҳам васеътар гардид. Воқеан, воситаҳои ахбори оммаи кишвар яке аз унсурҳои ҷудонашаванда ва хеле муҳими давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар рушду нумуи мамлакат ва ҷомеа нақши бориз доранд.”

Зикр кардан ба маврид аст, ки доир ба мавзӯъҳои "Замина ва омилҳои ташаккули матбуоти даврӣ дар солҳои сиюм" доктори илми филолигия, профессор Аъзамҷон Азимов, "Раванди ташаккули низоми матбуоти даврӣ дар солҳои 1920-1930 (дар мисоли маҷаллаҳо)" доктори илми филолигия, профессор Мурод Муродӣ , "Нақши матбуот дар ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии мамлакат" номзади илми филология Мирзоалӣ Ҷӯраев ва "Адабиёти бадеӣ дар рӯзномаи "Бедории тоҷик "-и солҳои 20-ум” муовини директори Муассисаи давлатии “Агентии миллии созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб-Хонаи китоби Тоҷикистон Муҳаммаднабӣ Баёнӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа гардид.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

29.06.2022.529.06.2022.729.06.2022.8