Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вазорати фарҳанг

Рӯзи 23 июни соли равон бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳади миллӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, сардорони раёсату шуъбаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию эҷодии сохторҳои тобеи вазорат ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор гардид.

Нахуст Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷкистон Давлатзода Зулфия Давлат иштирокчиён ва мардуми сарфарози ҷумҳуриро бо 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику шодбош гуфта, дар мавзуи “Нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлатдории миллӣ” бо маърӯзаи пурмуҳтаво баромад кард.

Зулфия Давлатзода дар баромади хеш таърихи 27-уми июни соли 1997-ро ҳамчун замони нави давлатдории тоҷикон номида, дар идомаи суханронӣ иброз дошт, ки “Мехостам ёддоварӣ намоям, ки дар таърихи 27-уми июни соли 1997 ҳамчун замони нави давлатдории тоҷикон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расид. Халқи ватандӯсти мо хуб дар ёд дорад, ки баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари азизамон дар гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои муҳимми ҳаёт, ба монанди сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳангу адабиёти мо ҳам фалаҷ гардида, давлати навбунёдро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифта буд.

Ба бахти тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он давраи тираву тор ҳамчун шахсияти ватандӯст ва оқилу доно ҷасорат намуда, тақдири давлату миллатро бар дӯши хеш гирифт. Маҳз бо кӯшишу талошҳои шабонарӯзии ӯ мардуми овораву фирорӣ ба Ватан бозгардонида шуд, миллати парешон сарҷамъ гардид, сулҳу ваҳдати миллӣ мустаҳкам шуд, мамлакат обод ва дар чеҳраи мардуми тоҷик нишоту хурсандӣ ҳувайдо гардид.

Пешвои миллат ба дилҳои пуркина меҳру муҳаббат овард ва аз рӯзи нахуст парчами сулҳу ваҳдатро барафрошт ва мардуми парокандаро дар атрофи худ сарҷамъ намуд.”

Вазири фарҳанг аз муттаҳидии миллати тоҷик дар атрофи Президенти мамлакат сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки “Паёми сулҳхоҳонаи Пешво дар саросари олам пароканда шуд ва нидои ӯро ҷаҳониён шуниданд. Миллат дар атрофаш дубора муттаҳид гардид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам ба ин раванд мусоидат намуд, то ин ки дар сарзамини тоҷикон сулҳу субот барқарор гардид. Пас аз имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ, раванди сулҳ байни тоҷикон бо иштироки созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси Исломӣ ва дигар кишварҳои ба мо дӯст-Русия, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Покистон, Туркманистон ба амал омад.”

Зулфия Давлатзода ба даст омадани сулҳу суботро омили пешравию бунёдкорӣ дар кишвар номида иброз дошт, ки “Бо истеҳкоми сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат билофосила раванди бунёдкориву созандагӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ оғоз гардид. Иқтисоди фалаҷшуда дубора ҷони тоза гирифт. Мардум бо шӯру шавқи беандоза барои бунёди ҷомеаи навин дар атрофи Пешво муттаҳид шуданд. Давлат барномаи берун овардани мамлакат аз бунбасти иқтисодӣ, энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва озуқавориро таҳия ва барои иҷрои онҳо чораҳои заруриро андешид. Дар ин замина, таҳкурсии қонунгузорию ҳуқуқӣ барои ташаккули муносибатҳои бозаргонӣ эҷод шуда, дар системаи иқтисодии кишвар ислоҳоти куллӣ гузаронида шуд. Ислоҳоти иқтисодӣ барои инкишофи устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёт бо назардошти танзими бозор ва дастгоҳи маъмурӣ дар амал татбиқ гардид. Тадбирҳои андешидаи давлату ҳукумат натиҷаи нек ба бор овард ва Тоҷикистони азизи мо тавонист, ки дар зарфи 30 соли истиқлоли хеш аз буҳрони сиёсиву иҷтимоӣ наҷот ёфта, ба истиқлоли энергетикӣ, коммуникатсионӣ ва озуқаворӣ даст ёбад. Дар ин муддат низоми сиёсиву қонунгузорӣ ҳам мукаммал гардида, заминаҳои устуворе барои рушди системаи давлатдории навини тоҷикон гузошта шуд.”

Вазири фарҳанг тамоми дастовардҳои беназирро бо шарофати барқарории сулҳу таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҷоннисориҳои фарзанди баруманди халқи тоҷик-Қаҳрамони Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шумурда, аз аҳли нишаст, мардуми сарбаланди кишвар даъват ба амал овард, то шукргузори ин рӯзи муборак, ин сарнавишт, ин давлату миллати хеш бошанд.

Ҳамзамон, дар ҷамъомади идона сардори Раёсати табъу нашр ва матбуоти вазорат Раҳмоналӣ Шералиев, ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон Достизода Миралӣ, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Ғанизода Ҷамшед ва Директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Давлатзода Лутфулло баромад намуда, бо ин ҷашни фархунда ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аҳли кишварро табрику таҳният гуфтанд

Қайд гардид, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистию осоиштагӣ, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар ҳама соҳаҳо ҳадя овард. Рӯзи Ваҳдати миллӣ саҳифаи аввали хушбахтии миллати тоҷикро кушод ва бахту саодат ҳамраҳу ҳамсафари халқ гардид, иброз доштанд иштирокчиёни ҷамъомад.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг