Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 20:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ТАВАҶҶӮҲ! Намоиш-фурӯши шоҳасари “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

23.06.2022.1Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” намоиш-фурӯши шоҳасари “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва  китобҳои тозанашри муассиса рӯзи 24 июни соли 2022, соати 17.00, дар саҳни Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Дастрасӣ ба шоҳасари “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, дастрасӣ ба нури маърифат, дарку эҳсоси фалсафаи ҳаёт, огоҳ шудан аз моҳияти мавридшиносиву мавқеъпазирист. Баҳрамандӣ аз намоиш-фурӯши Маснавии маънавии Мавлавӣ, ва дигар китобҳои тозанашр баҳрамандӣ аз ғизои беназири маънавист, ки нашриёти "Адиб"-и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон роҳандозӣ карданист.

Ихлосмандону дӯстдорони осори гаронарзиши классику муосири тоҷикро ба намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр даъват менамоем.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

23.06.2022.223.06.2022.323.06.2022.4