Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдаи миллӣ дар Консерваторияи миллӣ

22.06.2022.4Дар толори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов рӯзи 22.июни соли равон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади идона баргузор гардид.

Дар чорабинӣ роҳбарият, кормандон, устодону шогирдони муассиса иштирок намуда, бо самимияту муҳаббати беандоза аз ваҳдату ягонагӣ, ҳамдилию ҳамбастагӣ сухан гуфтанд.

Нахуст ректори Консерватория Достизода Миралӣ чорабиниро ифтитоҳ бахшида, устодону кормандон ва шогирдони муассисаро бо ин ҷашни фархунда ва сарнавиштсоз барои миллати тоҷик табрику таҳният гуфта, дар идомаи суханронии хеш қайд кард, ки “Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои тоҷикон иттиҳод, ягонагӣ, якпорчагӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, амнияту осоиштагӣ, ифтихори миллӣ, ҳамзистии осоишта, ҷараёни бомароми созандагию ободониро дар ҳама соҳаҳо ҳадя овард. Маҳз бо кушишу талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҷумҳурии биҳиштосои мо сулҳу ваҳдату ягонагӣ пойдор аст. Месазад, то дар васфи ин ваҳдат, ин ҳамдилию ҳамбастагӣ пайваста суруду оҳангҳои наву тоза эҷод кунем.”

Сипас, устоди кафедраи ҷомеашиносӣ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Латифзода Диловар аз таърихи ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ суҳбати пурмуҳтаво намуданд. Номбурда, аз ҷумла таъкид карданд, ки қадру манзалати ваҳдати миллиро ҳар як фарди миллат бояд дарк намояд ва баҳри пойдории он ҳамарӯза кушишҳо ба харҷ диҳад.

Фарҳанги сулҳи тоҷикон, ки дар саргаҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ эътироф гардида, ҳамчун таҷриба барои истифодаи он дар дигар минтақаҳои сайёра мавриди омӯзиш ва корбаст қарор гирифтааст. Ваҳдати мо дар ҳақиқат дастоварди муқаддас аст ва мо фарзандони миллат вазифадорем, ки онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Нагузорем, ки ҳар нохалафе сулҳу ваҳдати моро халалдор созад, иброз доштанд иштирокчиёни ҷамъомад.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи ҳунарӣ аз ҷониби устодону шогирдони Консерватория бо иҷрои суруду оҳангҳои дилангез дар васфи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу дӯстӣ манзури тамошобинон гардид.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати мллӣ дар Консерваторияи миллӣ ботантана ва шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор шуд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

22.06.2022.522.06.2022.622.06.2022.7