Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 02:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Китоби “Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров сарчашмаи худшиносии миллӣ”

 21.06.2022.1Рӯзи 20 июни соли равон дар толори калони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон вохӯрии донишҷӯёну устодони муассиса бо номзади илмҳои таърих, иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи санъатшиносии донишкада Абдувалӣ Шарифзода дар мавзуи “Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров- сарчашмаи худшиносии миллӣ” баргузор гардид.

Абдувалӣ Шарифзода дар баромади хеш мазмуну мундариҷаи ин асари гаронбаҳои ходими намоёни давлатӣ, академик Бобоҷон Ғафуровро шарҳу тавзеҳ дода, дар идомаи суханронӣ аз ҷумла қайд кард, ки “Тасаввур кадани пойдорию устувории ваҳдати миллӣ бе худшиносии миллӣ ғайриимкон аст. Ваҳдати миллӣ бе худшиносии миллӣ вуҷуд дошта наметавонад. Ва маҳз бо дарки ҳамин маънӣ, бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби “Тоҷикон” бо теъдоди калон нашр шуда, ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ ба таври ройгон тақдим гардид. Ин иқдоми Сарвари давлат ҳар як фарди ин сарзаминро вазифадор менамояд, то аз ин китоби бебаҳо истифода бурда, аз гузашта ва таърихи миллати тоҷик огоҳӣ пайдо намоянд. Ба қадри ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиштагӣ, амонию ҳамбастагӣ бояд расид ва чун гавҳараки чашм эҳтиёт кард.”

Устодону донишҷӯёни муассиса аз суҳбати гарми олими шинохта як ҷаҳон маънӣ бардошта, ҳар яке пеши худ вазифа гузоштанд, ки ин ганҷинаи бебаҳо, асари безаволи “Тоҷикон”-ро мутолиа намуда, аз гузашта, аз таърих, аз ҷонбозиҳою қаҳрамониҳои фарзандони халқи тоҷик ба таври муфассал огаҳӣ пайдо намоянд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

21.06.2022.221.06.2022.321.06.2022.4