Сомонаи пешина | Шб, 23 Сентябр 2023 / 18:09
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сафири Россия дар Тоҷикистон аз Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук дидан кард

21.06.2022.5Рӯзи 20 июни соли ҷорӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин Фролов аз Муассисаи давлатии "Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳулбук" -и Вазорати фарҳанг, ки дар ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон ҷойгир аст, дидан намуд.

Игор Лякин Фролов ва ҳайати меҳмононро роҳбалади ботаҷриба Хоҷаев Абдулло роҳнамоӣ намуда, бо осори таърихию фарҳангии Хатлони Қадим меҳмононро аз наздик шинос кард.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар асоси сарчашмаҳои ҷуғрофӣ-таърихии юнонӣ, чиннӣ ва арабию форсӣ ғановату гуногуншаклии бозёфтҳои бостоншиносӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки Ҳулбук –пойтахти Хутталон шаҳрест, бо таърихи бисёр қадима. Дар ҳама давру замонҳои мавҷудияти хеш, шаҳри Ҳулбук ҳамчун маркази маъмурӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии шоҳигарии Хутталон ба ҳисоб мерафт.

Шаҳри Ҳулбук яке аз нобиғаҳои фарҳанги моддӣ ва маънавии на танҳо халқи тоҷик, балки ҷаҳонӣ ба шумор рафта, моҳи ноябри соли 2009 дар шаҳри Сиан-пойтахти фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қатори 8-ёдгориҳои беназири халқи тоҷик ба силсилаҷоизаи Шоҳроҳи Бузурги Абрешими ЮНЕСКО ворид гардид.

Меҳмонон аз тамошо ва боздиди ин ёдгории таърихӣ бо худ таассуроти баланду руҳияи болида касб намуда, Мамнӯъгоҳи Ҳулбукро яке аз ёдгориҳои қадимаи беназир арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, аз ҷониби роҳбарияти ёдгории таърихию фарҳангӣ ба Сафир тӯҳфаҳои рамзӣ ва хотиравӣ тақдим гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии миллати тоҷик ва сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъди ҳазорсолаҳо пойтахти Хутталони қадим-шаҳри Ҳулбук имрӯз аз нав эҳё мегардад.

Ин ёдгорӣ яке аз беҳтарин макони сайёҳӣ ва муаррифгари таъриху фарҳанги миллати тоҷик ба шумор рафта, имрӯзҳо ҳазорҳо меҳмонони дохилию хориҷӣ ва сайёҳон аз он дидан менамоянд.

Дар ин бора сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанг Абдусаломов Мирзошариф иттилоъ дод.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

21.06.2022.621.06.2022.7