Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода

20.06.2022.16Ба ифтихори 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Муассисаи дввлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» рӯзи 18 июни соли равон бо иштироки ҳайати профессорону устодон, донишҷӯён ва кормандон чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ректори донишкада, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин ҳамоишро бо сухани табрикӣ оғоз бахшида, ҳозиринро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфт.

Муҳриддин Низомӣ дар идомаи суханронии хеш қаёд кард, ки “Барои расидан ба сулҳи саросарӣ ва рушди босуботи кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ доранд.. Пешвои миллат сокинони кишварро дар атрофи ғояҳои баланди сулҳу ваҳдат ҷамъ оварда, наҷоти давлат ва миллатро таъмин намуда, тамоми қувваю дониш ва иродаю имконияти хешро барои таъмини ваҳдати миллӣ, сулҳи саросарӣ, баргардондани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифин равона сохтанд. Ин иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарданд ва савганд хӯрданд, ки то охирин фирории Тоҷикистонро ба Ватан бар нагардонанд, ором нахоҳанд буд. Бо ин изҳороти худ Сарвари давлат аз ибтидо дарҳоро барои музокирот кушоданд ва ин заминаи бисёр муҳим барои дар оянда шурӯъ шудани музокироти байни тоҷикон гардид.”

Гуфта шуд, ки ба шарофати Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ба кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, бахусус фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Дар ин давра оину ҷашнҳои миллӣ ва арзишҳои фарҳангие, ки дар давоми асрҳо ягонагии маънавии мардумро ҳифз мекарданд, аз қабили Наврӯз, Меҳргон, Сада, Шашмақом, Фалак, атласу адрас, чакан ва монанди инҳо эҳё гардиданд. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани мероси таърихию фарҳангии мо дар айни замон эътирофи тоҷикон ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангӣ мебошад. Воқеан, Тоҷикистони соҳибистиқлол зери парчами ваҳдату ҳамбастагӣ, бунёдкорию созандагии пурсамар дар партави сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҷаҳонии ин шахсияти таърихӣ тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи минтақавию байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Дар бахши фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии омоданамудаи устодону донишҷӯёни донишкада, ки иборат аз суруду рақсҳои ҷолиб, аз қабили “Кабӯтар”, “Танавор”, “Тоҷикистон”, “Мақоми ишқ”, “Баҳор”, “Ҷавонӣ”, “Ватан”, “Шаҳло”, “Тасано”, “Гулдаста”, “Базми Бадахшон” ва “Сарвари оқил” буд, пешкаши ҳозирин гардид. Сурудҳои интихобгардида ватандӯстӣ, ватанпарварӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро тарғиб намуда, рақсҳои якка ва гурӯҳии донишҷӯён аз арҷ гузоштан ба суннатҳои миллӣ ва рушди санъату фарҳанг дар замони соҳибистиқлолӣ дарак медоданд. Барномаи консертиро ҳозирин бо кафкӯбиҳои бардавом ва самимияти хосса истиқбол намуданд.

Дар ин бора аз Муассисаи дввлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» хабар доданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

20.06.2022.1720.06.2022.1820.06.2022.19