Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маросими рӯнамоии “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар Китобхонаи миллӣ

20.06.2022.1Бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шоҳасари адабиёти классикии тоҷику форс “Маснавии маънавӣ” –и Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз такмилу тасҳеҳ ва бо ороиши наву муосир рӯи чоп омад.

"Маснавӣ маънавӣ" дар ду шакл: матни комили асар дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд, бо теъдоди 10 000 нусха аз ҷониби Муассисаи давлатии нашриявии “Адиб”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расид.

Рӯзи 18 июни соли ҷорӣ маросими рӯнамоии ин асари безевол ва намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти "Адиб", аз ҷумла нашри нави "Маснавии маънавӣ" дар саҳни Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки оммаи васеи дӯстдорони каломи бадеъ баргузор гардид.

Нахуст дар саҳни Китобхона намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, аз ҷумла, “Маснавии маънавӣ”, “Ахтарони адаб”, “Ҳафт ахтар”, “Куллиёт”-и Ҳоҷӣ Муҳаммад Ҳусайни Кангуртӣ, китобҳои бачагона, илмию соҳавӣ ба маърази намоиш ва фурӯш гузошта шуд.

Аз намоиш-фурӯш аҳли фарҳанги кишвар, адибон, устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо, сокинону меҳмонони пойтахт дидан намуда, китобҳои мавриди писанди хешро бо нархҳои дастрас харидорӣ намуданд.

Маросими рӯнамоиии “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ дар фазои тантанавӣ бо қироати бахши “Найномаи Маснавӣ” дар иҷрои ҳунарманди шинохта Ортиқи Қодир оғоз гардид.

Сипас, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат дар суханронии хеш ҳузури донишмандон, адибон, зиёиёну ҳаводорони каломи ноби Мавлоноро дар маросими бошукӯҳи рӯнамоӣ аз асари безаволи “Маснавии маънавӣ”-и Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ хайрамақдам гуфта, ба чоп расидани силсилаи 50-ҷилди “Ахтарони адаб”, нашри нави “Маснавии маънавӣ”-ро намунаи равшани ғамхориҳои Пешвои миллат дар самти оммавигардонии осори адибони барҷастаи тоҷику форс номида, дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ки “Нашри нави “Маснавии маънавӣ”, бо дарназардошти талаботи мардуми адабдӯсту фарҳангпарвари тоҷик ва бо дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт. Ин ганҷинаи маънавӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз таҳрири нав бо ороиши зебо пешкаши хонандагон ва дӯстдорони каломи Мавлоно мегардад.”

Зулфия Давлатзода Ҷалолуддин Балхиро яке аз пуркортарин адибони адабиёти форсу тоҷикӣ номида, изҳор дошт, ки “Нигоштаҳои килки сеҳрангези адиб, мутафаккир дар “Девони Шамс” ё “Девони кабир”, “Маснавии маънавӣ”, “Маҷолиси сабъа”, “Фиҳӣ мо фиҳӣ” ва “Мактубот”-и ӯ фароҳам омадаанд. Пойгоҳи ин суханвар дар олами шеъру шоирӣ ончунон баланд аст, ки гурӯҳе вайро ба ҳайси бузургтарин шоири ҷаҳон, ҷамъе бузургтарин шоири адабиёти форсу тоҷикӣ эътироф намудаанд.” “Маснавии маънавӣ” бо маҳорати фавқуллода баланд навишта шуда, дар он масоили зиёди диниву мазҳабӣ, фалсафӣ, тасаввуфӣ ва иҷтимоию сиёсии замони пурмоҷарои мутафаккир, ки ба лашкаркашиҳои азими истилогарони он замона рост меояд, инъикос ёфтааст.

“Маснавии маънавӣ” минбаъд на танҳо ба суханварон, балки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бетаъсир намонда, шарқшиносони тамоми нуқоти олам аз Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва осори ӯ ёд мекунанд, мардум тавассути матни аслу тарҷумаи мухтасар ё пурра аз офаридаҳои килки сеҳрангези шоир баҳра мебардоранд”, -гуфт Зудфия Давлатзода дар поёни суханронии хеш.

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода ба нашр расидани “Маснавии маънавӣ”-ро ба аҳли фарҳангу адаби кишвар шодбош гуфта, дар идомаи суханронии хеш қайд кард, ки “Мо имрӯз Ҷалолуддини Балхиро шинохтем. Маҳз дар замони Истиқлол, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шахсият ва ашъори Мавлоно ошноӣ пайдо намудем. Ба нашр расидани ин шоҳасар аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳаммияти бузург дошта, дар тарбияи маънавии аҳли башар саҳми арзанда мегузорад. “Маснавии маънавӣ” ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон аҳаммияти худро гум накардааст ва нахоҳад кард.”

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф аз ташаббусҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нашри китобҳои адибони классику муосири тоҷик, бахусус “Маснавии маънавӣ” ёдоварӣ намуда, ба муҳаррирону мураттибони китоб барои таҳия ва омода намудани ин шоҳасар арзи сипосу миннатдорӣ намуд.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим зимни баромади хеш зикр кард, ки “Маснавии маънавӣ” яке аз асарҳои Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ буда, бо кумаку дастгириҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дар шароити мураккаби вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба нашр расида, дар ташаккули маънавии ҳар як фард саҳм мегузорад. Нашриёти “Адиб”-и Вазорати фарҳанг бо нашри ин асари безавол тавонист дастархони маънавии моро ғанӣ гардонад. Ҷои Мавлоно дар ҷомеаи ҷаҳонӣ барҷаста ва маълуму машҳур аст.”

Алии Муҳаммади Хуросонӣ, ки дар таҳияи ин китоб саҳми барҷаста дорад, зимни суханронӣ арзи сипосу миннатдории хешро ба Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нашри ин китоб баён намуд. Номбурда аз заҳматҳои шабонарӯзии мураттибон Мубашшири Акбарзод, Баҳриддин Ализода ёдоварӣ намуда, вобаста ба баргардонии матни форсӣ бо ҳуруфи кирилӣ мутобиқ ва фаҳмо гардонидани он барои хоанадагон ибрози андеша намуд.

Мудири бахши робитаҳои хориҷии Иттифоқи нависандагон Абдуллои Раҳнамо чопи “Маснавии маънавӣ”-ро дар замони имрӯза муҳим ва саривақтӣ шуморида, ба дасти хонанда расидани онро ҳамчун шоҳкориҳои миллӣ арзёбӣ намуд. Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар нашри ин китоб иқдоми бузург ва падидаест беназир, иброз дошт, номбурда.

Воқеан ҳам Мавлоно дар эҷоди “Маснавӣ” шоирест нотакрор ва мутафаккирест беҳамто, ки иттиҳод, ваҳдат, ҳамбастагӣ ва эҳёи асолати миллию инсонӣ нуқтаи олии ғоявии эшонро ташкил медиҳад:

Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш,
Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг

20.06.2022.220.06.2022.320.06.2022.420.06.2022.520.06.2022.620.06.2022.7