Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории аввалин намоиши мӯд барои занони аз синни 60-сола боло

17.06.22.2 2Рӯзи 16 июни соли равон дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши мӯд барои бонувони аз синни 60 сола боло баргузор гардид.

Намоишро муовини ректор оид ба тарбия ва робитаҳои байналмилаллии донишкада Давлатзода Гулнора Шариф ифтитоҳ бахшида, дар идомаи суханронии хеш иброз дошт, ин аввалин намоиши мӯд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони аз синни 60 сола боло омода гардидааст.

Дар намоиш либосҳои занона бо тарзи миллию аврупоӣ дӯхташуда, аз ҷониби донишҷӯёну тарроҳони ҷавони Донишкада манзури иштирокчиён гардид.

Дар ҷараёни баргузории намоиш занону бонувони сохторҳои гуногуни кишвар, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

17.06.22.2 3

Ҳамзамон барои фароғати иштирокчиёни чорабинӣ барномаи фарҳангӣ, иборат аз суруду таронаҳои дилангез дар иҷрои ҳунармандони маъруфу шинохтаи ҷумҳурӣ пешкаш гардид.

Намоиши муд дар донишкада бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардида, иштирокчиён аз баргузории чунин як намоиш истиқбол намуданд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг


17.06.22.2 117.06.22.2 417.06.22.2 5