Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“ВАҲДАТНИГОР”-ифтитоҳи намоиши ҷашнии суратгири шинохтаи тоҷик Шӯҳратҷон Ёров

17.06.22 3Рӯзи 16 июни соли равон дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии “Базморо” намоиши аксҳои суратгири машҳури тоҷик, аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Русия, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯҳратҷон Ёров, бахшида ба ҷашни 25 солагии “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” таҳти унвони «Ваҳдатнигор» ифтитоҳ гардид. Дар намоиш намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, сафоратхонаҳои муқими Душанбе аз қабили Олмон, Эрон, Россия, Покистон, Фаластин, ҳунармандону аккосони шинохтаи кишвар ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Аксҳои суратгир-Шӯҳратҷон Ёров байёнгари иқболи нек ва сарҷамъии миллати сарбаланди тоҷик дар даврони Истиқлоли давлатӣ мебошад.Дар намоиш 160 адад аксҳои солҳои гуногун аккосӣ намудаи Шӯҳратҷон Ёров ба намоиш гузошта шуда, доир ба дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваҳдатофаринӣ ва таҷрибаи сулҳофарии мардуми шарифи тоҷик қисса мекунанд.

Дар аксҳо тамоми соҳаҳои ҳаёти Тоҷикистон: сиёсат, иқтисод, фарҳанг, аксҳо аз чорабиниҳои фарҳангӣ, кӯдакон, табиати нотакрори Тоҷикистон, ёдгориҳои таърихии сарзамини бостонӣ, урфу одат ва анъанаҳои мардуми тоҷик, ки солҳои соҳибистиқлолӣ эҳё ва рушд намудаанд ва дигар лаҳзаҳои ҷолиби ҳаёти тоҷикон таҷассум гардидааст.

Ёдрас мешавем, ки намоиши «Ваҳдатнигор» то 1 июли соли равон идома ёфта, хоҳишмандон метавонанд ҳамарӯза аз ин намоиш дидан намоянд.

17.06.22 117.06.22 2

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг