Рӯзи 15 июни соли равон бахшида ба ҷашни 25-солагии Ваҳдати миллӣ ва 100 солагии Ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, устод Меҳрубон Назаров намоишномаи "Лаъли Бадахшон"-и ҳунармандони театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шахри Хоруғ дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоиш дода шуд.
Намоишномаи "Лаъли Бадахшон” аз рӯи асари драматурги тоҷик, устод Ҷумъа Қуддус, дар таҳияи коргардони театр Умеди Хисрав таҳия гардида, ҳунармандони ҷавони Театр бо иҷрои нақшҳои мусбию манфӣ, бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад намуданд.
Дар намоишнома намояндагони сохторҳои гунонуни пойтахт, сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе иштирок намуда, аз маҳорати хуби нақшофарии ҳунармандони театр лаззати маънавӣ бардошта, бо кафкӯбиҳои бардавом аз ҳунармандон истиқбол карданд.
Намоишномаи “Лаъли Бадахшон” талқингари роҳи некиву накӯкорӣ, хайру сахо ва дӯстдори обу хоки ин кишвар ва эҳтиром ба сарватҳои табии сарзамини биҳиштосои мо тоҷикон мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки намоишнома дар озмуни “Парасту-21” сазовори ҷоиза гардида, дар ҷашнвораи “Фаҷр” дар шаҳри Теҳрон низ намоиш дода шуд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг