Сомонаи пешина | Яш, 14 Август 2022 / 17:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

04.06.21.3Бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе рӯзи 27 июни соли ҷорӣ ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар майдони назди шаршараи «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор мегардад.

Барномаи фарҳангию фароғатӣ соати 18:00 оғоз гардида, баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ дар назар аст.

Ҳамзамон дар чор ноҳияи пойтахт чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ бахшида ба ин санаи таърихӣ баргузор мегарданд. Инчунин дар ин рӯз, дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир гардида, дар театрҳои шаҳри Душанбе намоишҳои ҷолибу диданӣ ва барномаҳои фарҳангӣ низ пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида мешавад.

Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг