Рӯзи 14 июни соли равон дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шохмансури пойтахт ба сухан баромада, иштирокчиёни озмунро табрику таҳният гуфта, барои иштирокашон комёбиҳо таманно намуданд.
Довталабон аз рӯи номенатсияҳои Низомномаи озмун баромад намуда, ҳунару маҳорати эҷодии хешро ба ҳакамон пешкаш намуданд.
Ҳайати ҳакамони нуктасанҷ ба баромади иштирокчиён диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, беҳтаринҳоро ба даври шаҳрӣ роҳхат доданд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг