Аз муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев” имсол дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии "Тоҷикистон-Ватани азизи ман" 14 нафар хонандагон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Шогирдони муассиса аз рӯи номинатсияҳои сарояндагӣ ва навозандагӣ баромад намуда, беҳтаринҳо ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар номинатсияи сарояндагӣ Юсуфҷони С., Саъдуллоев А., Туранбоев Ҷ., Холов Э., Абдуҷабборзода Х. ва дар номенатсияи навозандагӣ Саъдуллоев А., Абдиев С., Расулов С., Маҳмадаминова Ф., Ашӯров М., Норов Б., Адилов С., Каримова О. бо ҳунару маҳорати баландӣ эҷодӣ баромад намуда, сазовори баҳои баланди ҳакамон гардиданд.
Устодони муассиса Раҳимзода Т.С., Турсунова Т.С., Ниязов Ҳ., Саидов С., Муллоҷонов Ш., Масаидов Ғ., Абдурасулов М. ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмуни мазкур кушишҳо ба харҷ дода, талош бар он доранд, ки дар давраҳои минбаъда хонандагон бо маҳорати баланди эҷодӣ баромад намоянд.
Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг