Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳунармандони Сирки давлатии Тоҷикистон бо сафари ҳунарӣ ба Узбекистон мераванд

26.04.22.1Ҳайати 15 нафараи ҳунармандони Муассисаи давлатии “Сирки давлатии Тоҷикистон” аз 15 июн то 15 июли соли равон бо барномаи рангину ҷолиб ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон сафари ҳунарӣ анҷом медиҳанд.

Ҳунармандони бомаҳорати Сирки давлатӣ дар ҳайати Собирзода Мастона, Болтаев Шокир, Иззатуллоев Вафоҷон, Илёсов Алмос, Юсупов Солеҳ, Киромиддинов Идибек, Ҳалимов Қурбоналӣ, Ҷабборова Шаҳноза, Ҳусейнзода Ануша ва дигарон бо ҳунару маҳорати хоса тӯли як моҳ дар Сирки давлатии Узбекистон баромад мекунанд.

Ҳунармандон дар акрабатика, гимнастика, ромкунандаи ҳайвонот, эквилибристика баромад намуда, ҳунару истеъдоди худро ба мухлисону ҳаводорони сирк, миллати дӯсту бародари узбек намоиш медиҳанд.

Марям Холиқзода
Маркази матбуоти Вазорати фарҳанг