Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 00:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мужда!

15.06.22Рӯнамоии шоҳасари адабиёти классикии тоҷику форс мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ - 'Маснавии маънавӣ" рӯзи 18 июн, соати 9:00 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Китоб бо маблағи фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо сифати баланд нашр шудааст.

"Маснавӣ" дар ду шакл: як матни комил дар як китоб ва се қисмат дар се ҷилд чоп шудааст. Нархи якҷилдааш 340 сомонӣ ва сеҷилдааш ҳар китоб 73 сомонӣ арзиш дорад.

Қабл аз маросими рӯнамоӣ намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри нашриёти "Адиб", аз ҷумла нашри нави "Маснавӣ" дар саҳни Китобхонаи миллӣ баргузор мешавад.

Марҳабо ба истиқболи Мавлоно!