Сомонаи пешина | Шб, 20 Август 2022 / 01:08
ТОҶ     РУС     ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Таваҷҷуҳ-пайки шодӣ: бори аввал дар Тоҷикистон "Симфонияи нуҳум"-и Бетховен садо медиҳад

14.06.22Лоиҳаи нави шӯҳратафзо-оҳанге, ки дар қалбҳо як умр боқӣ мемонад, мусиқии ҷовидона дар асоси одаи Шиллер "Ба шодӣ"- муддати 74 дақиқа давом мекунад.

Дирижёри оркестри симфонии Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, профессори Консерваторияи Милан ба номи Дж. Верди, роҳбари бадеии театр Делфо Меникуччи, овозхонон-Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфулло Юсупов, Шарофат Усмонзода, Анжелика Тиман, Манучеҳр Раҳмонзода, хор таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Елена Тиллоева дар барнома ҳунарнамоӣ мекунанд.

Танҳо як рӯз: 24 июни соли 2022, соати 18.00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ баргузор мегардад.

Фурӯши чиптаҳо аллакай оғоз гардидааст, метавонед аз хазинаи театр (221-62-91) дастрас намоед.

Марҳабо! Ба тамошои "Симфонияи нуҳум"-и Бетховен.